Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.

Устод Рӯдаки на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нӯҳ - АСРИ ТИЛЛОИИ адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ шӯҳраи офоқ гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд.

Имрӯз мо – ворисон бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст.

Аз ин рӯ, агар мо воқеан худро ворису меросхӯрони мардони бузурги миллат, аз қабили устод Рӯдакӣ ва дигар абармардони халқамон шуморем, андеша, амал ва зиндагии худро бояд арзанда ва мувофиқи номи неки гузаштагонамон созгор намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ дар бобати хидмати беғаразона, ватанпарастона ва ҷоннисоронаи устод Рудакӣ чунин фармудаанд.

«Модари тоҷик устод Рӯдакӣ, султони сухани мулки Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро бо забони ширину гуворо ва нармиву покии тоҷикона ба гӯши наслҳои нав ба нав мехонд ва аз боду борон ва газанди рӯзгорон ҳифз менамуд ва барои наслҳои оянда, аз ҷумла барои мову шумо, чун мероси падар ба ворисон ба ёдгор гузоштааст».

Бо самимият ҳамагонро бо Рӯзи устод Рӯдакӣ муборакбод намуда, тандурустиву рӯзгори босаодат ва барори кор орзумандам.

Бигузор, дар ҳар иқдоми хайри мо рӯҳи Рӯдакии бузургвор ёру мададгор ва кохи шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ то абад бегазанд бошад!

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5055
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19553
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:75631
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7717551

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?