Матни равон

18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаи “Ҷавонон” Корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситабр — Агро”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи “Ситабр — Агро” дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда дар мамлакат сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Зимни корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буданд.

Фаъолияти корхона мавсимӣ буда, дар он зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ, аксаран духтарони хонашин пас аз омӯзиш бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Самти фаъолияти корхона ба коркард ва бандубасти ҷуворимакка равона гардида, дар асоси нақша дар оянда бо васеъсозии фаъолият имкони таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва роҳандозии дигар раванди истеҳсолот ба роҳ монда хоҳад шуд.

Соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, ки бо мақсади ғановати бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро низ ба роҳ монад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонаи навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимёвӣ сурат мегирад.

Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Бомазза” дар бастаҳои 285 ва 450- грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, бо ҳамин ном содироти он низ роҳандозӣ гардидааст.

Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, муҳлати истифодаи он то 18 моҳ муайян карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои истифода пурсамару мақсаднок аз имконоти васеъ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Ҳисор ҳамасола кишоварзон дар кишти такрорӣ баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунанд.

Аҳли заҳмати шаҳр соли равон низ майдони маккаи донро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд, ки аз ин ҳисоб ҳосили фаровон интизоранд.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка дар шаҳр имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.

Дар шаҳри Ҳисор дар доираи амалӣ гардидани ҳадафҳо дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат бунёду навсозии корхонаҳои зиёди саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:899
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2597
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11329
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22930
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:93024
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97206
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3477974

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?