Матни равон

Мо дар арафаи таҷлили 23-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Рӯзи оштии миллӣ ва сулҳи бесобиқаи тоҷиконро ҷашн мегирем, ки имрӯз он дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳон собиқа надорад. Танҳо хиради азалии халқи тамаддунофари тоҷик дар партави сиёсати хирадмандона ва ояндасози Пешвои муаззами миллат тавонист, оташи ҷанги хонумонсӯзи бо дасти наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашон таҳмилшударо хомӯш кунад.

Таи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон филми мустанадеро зери номи “Хиёнат” тамошо кардаву ёде аз давраҳои оғози сенарияҳои тарҳрезинамудаи коргардонҳои хориҷӣ ва актиёрони наҳзатӣ кардам.

Охири солҳои навадуми асри гузашта буд, ки ман ҳамчун донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ ва ҳамонвақта политехникии Тоҷикистон будаму дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардам. Тамошои филм маро ба он рӯзҳо бурд. Рӯзҳое, ки анқариб буд дар радифи дигар ҷавонони фирефта ба доми актиёрони наҳзатӣ ва реҷиссерони хориҷияшон бияфтам. Мубаллиғони ин филми хонумонсӯз-наҳзатиҳо ба донишгоҳҳову техникумҳо омада, аз адолату аз ислом лоф мезаданд, мо ҷавононро барои иштирок дар гирдиҳамоӣ дар майдони “Шаҳидон” таблиғу ташвиқ мекарданд. Бо ваъдаҳои “ояндаи равшан” ва “адолати исломӣ” дилфиребӣ мекарданд. Бо сад найранг, бо сад нақшбозиву саҳнасозӣ ва бо ҳазор шиорзанӣ ташфиқ мекарданд, ки барои озодӣ аз зулму ситами коммунистҳо талош карданамон даркор. Маблағҳои калон ваъдаамон медоданд, то ки дар саҳнаи театри онҳо барои озодии дини мубини ислом мо ҳам нақше дошта бошем ва бо онҳо дар “роҳи Худо” ба “ислому халқ” кумак расонем...

Инсони шири хом хурда! Ҷавононе буданд аз минтақаҳои гуногуни кишвар, донишҷӯёни муассисаҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ки мафтуни шиорҳо ва найрангбозиҳои ин тоифа шуданду дар сафи онҳо ба майдони “Шаҳидон” ба қавли наҳзатиҳо ба набард дар “роҳи ислом” баромаданд. Бо умеди он, ки мисли муллоҳои наҳзатӣ “ҳурони биҳиштӣ” насибашон мешавад. Сад ҳайф, ҳазор афсуф ба нҳое, ки ба дом афтоданду силоҳ ба суи меҳан ва ба суи бародари худ бардоштанд. Бародар бародарро кушт, писар падарро! Ин буд сенарияи саҳнаи театрии Наҳзат! Дар филм ҳам, ки созандагонаш беҳуда “Хиёнат” номаш намондаанд, аз забони шоҳидони зинда хиёнат ва ҷиноятҳои наҳзатиҳо равшану возеҳ ифода мегардад ва бандаро ёди давраҳои донишҷӯӣ бурд. Чи бадбахтиҳо, чи рӯзҳои сиёҳе ба сари тоҷик наоварданд, ин актёрони театри Наҳзат!

Надонам, аслияти пок, хуни пок ва ё нони ҳалоли ба меҳнати омӯзгорӣ додаи падари бузургворам буд, ки маро аз бозиҳои хунолудаву хиёнатолудаи наҳзатиҳо нигоҳ дошт! Вагарна рузе сад бор ба ин майдон даъват мешудаму дилам мафтуни найрангу бозиҳои онҳо мегардид. Падарам ҳам инсони комилу бо нони ҳалол парвардашудаи ин диёр насиҳатам мекард, зангаш мезадам мегуфт, ки “писарам ҳушёр бош!!!” ҳеҷ гоҳ ба доми ин бозингарон наафтӣ, мафтуни шиору фирефтаи ин тоифа нагардӣ! Худо раҳматашон кунад! Солҳо гузашт, истиқлол ба даст омад, гурезагон ба Ватан баргаштанд, ақлҳо пухта шуд, фарзанддор шудам, ба синни ҳамонвақтаи падарам расидам, ба худ гуфтам хуб шуд, ки ба доми гургон наафтодаму насиҳатҳои падар аз хиёнат ба Ватану модар нигоҳам дошт.

Аҳсан ба онҳое, ки имруз ҷиноятҳои наҳзатиҳоро тавассути ин филми мустанад барои насли ҷавон, насли даврони истиқлолият нишон додаву ҷавонони имрӯзаро ҳушдор доданиянд, ки ин хоинон чи рузҳои сиёҳеро ба сари бобову бибӣ ва падару модаронашон оварда буданд. Имрӯз ҳам ин буқаламунҳо бо сад ранг зери ҳар гуна ном, ҳамчун “Паймони миллӣ” ва дар асл зидди паймони миллӣ нақшҳои тарҳрезинамудаи реҷиссиорҳои хориҷиашонро дар Аврупо бозида истодаанд...

(Маслиҳат ба хонандагон, филми “Хиёнат”-ро ҳатман бубинед!)

Шодӣ Султонзода,
сокини ша
ҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2054
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13105
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6420
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7738810

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?