Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ситоди шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр дар давоми ду сол сохтмони  129 иншооти ҷашнӣ ба маблағи беш аз 280 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 71,6 фоизи нақша мебошад. Алҳол, корҳо дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон, дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, меҳмонхонаи замонавии “Соҳил”, чароғонкунии шоҳроҳи Хуҷанд-Гулистон, бунёди майдончаҳои варзишии теннис, баскетбол, волейболи пляжӣ, мавзеи пиёдароҳи варзишӣ бо таҷҳизоти машқу тамрин дар соҳили “Баҳри тоҷик”, ташкили фермаи мурғпарварӣ ва гармхонаи лимонпарварӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”, таҷдиди бинои маъмурии ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, сехи коркарди қоғаз дар ҳудуди ҶДММ “Сахо и К”, фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ, меҳмонхонаи “Далер”, гулгашти нав дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр, насби аломатҳои бехатарии замонавии роҳ, чароғакҳои роҳнамо, насби мониторҳои калонҳаҷми рекламавӣ, бинои истиқоматии чорошёна ва монанди ин мебошанд.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз раисони ҷамоати шаҳракҳо, масъулини соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, таъкид намуд, ки иҷрои нақшаҳо дар муҳлати тасдиқгардида таъмин карда шаванд. Доир ба ҳаллу фасли муаммову камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, баҳри иҷрои нақша ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои нақшаҳои иловагӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Дар кори ҷаласаи васеи ситоди шаҳрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов иштирок ва баромад намуданд.

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1217
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10941
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:67019
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7708939

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?