Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Соли нави миллӣ ба сарзамини соҳибистиқлоли мо бо Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку ҳаётофарини худро мегузорад. Наврӯз барои миллати мо чун иди пуршукўҳи баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ истиқбол менамуд. Наврӯз иди бузургтарини миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баракати хоссаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

 

Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилалӣ рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мо гардидааст.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангии соли равон, ки мо онро ҷашн хоҳем гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эълон шудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ин солгарди таърихӣ аз ҳамагон тақвияти корҳои созандагиву бунёдкоронаро тақозо дорад.

Бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ҳамагонро табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рўзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам. Бигузор, ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!

Иди Наврӯзатон фирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2762
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14942
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48541
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690461

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?