Матни равон

Имрӯз экстремизм ва терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, беинтизомӣ, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад ва он на танҳо ба марзу бум, ба ҳастии миллату инсоният таҳдид месозад.

Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад. Ба ин гурӯҳҳо асосан, ҷавононро ҷалб карда истодаанд. Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ҷавонон дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд, ба хубӣ таъмин созанд. Барои ҳамин террористон аз қувваи бузургии ҷавонон барои манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи одамони бекору гурусна ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардид. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ҶҶI табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ҷоизи қайд аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм-вазифаи ҷонии ҳамаи мардумони Тоҷикистон мебошад. Мо кӯшиш менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ, яъне экстремизм ва терроризм пешгирӣ намоем. Ба қадри дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Мо, сокинони шаҳраки Адрасмон терроризм ва экстремизмро шадид маҳкум менамоем.

Дар ин росто, мо вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Алалхусус, дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. Бинобар ин вазифаи асосии мо Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, наслу наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Инчунин ба муқобили экстремизм ва терроризм якҷоя мубориза бурда, дасти ҳамдигарро гирифта садо баланд мекунем: Нест бод, терроризм!

Зиёда Азимова,

омӯзгори МТМУ № 13, шаҳраки Адрасмон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:868
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9582
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2897
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735287

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?