Матни равон

Бегонапарастони наҳзатиӣ дар Фаронаса

 

Рӯзи гузашта Паём нет хабар додаааст, ки як гурӯҳ аз роҳбарон ва тарафдорони мухолифини тоҷик дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар назди дафтари МЕДЕФ – Анҷумани соҳибкорони Фаронса, алайҳи сафари президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таҷаммӯи эътирозӣ доир кардаанд. Қайд мегардад, ки ин нафарон дар даст шиору овезаҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо сухангӯи намуданд.

Акнун мебинем, ки ин роҳбарон ва тарафдорони бо ном мухолифини тоҷҷик аслан киҳо ҳастанд: Бобоҷон Қаюмзод, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ, Шоҳнаим Каримӣ, Илҳомҷон Ёқубзода. Шояд инҳо барои наҳзатиҳо роҳбар, қадрдон ва ё соҳиби иззату обру бошанд, аммо шахсан барои ман ин як тоифаи хоинони миллати тоҷиканд ва халлос. Инҳо афроде ҳастанд, ки ватану миллат надоранд. Аз сар то по дар вуҷудашон дурӯғ ва дар қалбашон торикиву хиёнат аст.

Баъдан инҳо бо раисашон Кабирӣ ҳамон пасмондаҳои наҳзатӣ, яъне мусор ҳастанд. Бовар дорам агар собиқ наҳзатиҳо аз хок сар мебароварданду аҳволи ин “ҳамақидаҳояшон”, меросхӯрҳояшонро медиданд аз шарм боз сар зери хок мекарданд. Зеро дар инҳо ягон заррае аз дин ва имон боқӣ намондааст. Наҳзатиҳои собиқ ҳадди ақал аз Худо метарсиданд. Онҳо пас аз муноқишаҳои дохилӣ хатоҳояшонро фаҳмиданд, аҳамияти ватандорӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву осоиштагиро сидқанд дарк намуданд, сулҳ карданд. Онҳо ҳеҷ вақт Аврупову Амрикоро надида буданд ва фикр ҳам намекарданд. Аммо насли навини наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва он чор буздили ватанфурӯше, ки нисбаташон дар боло ишора намудем, акнун ҷойи гарми худро ёфтанд. Шояд мегуянд, ки “Худо дод, ё насиб ҳамин будааст”.

Худ қазоват кунед, ки Паём нет мегӯяд, “таҷаммӯи эътирозии мухолифин”. Ин чунин аст, ки 4-5 нафар буздили хоин бо мақсади намоишҳои эътирозӣ омаданд, аммо дар даст плакатҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфтанд. Пас ин чӣ гуна таҷаммуъи эътирозӣ буд?  Магар ҳамин гуна корро дар ҷойи зисташон мекарданд намешуд, ки ин қадар сарсону саргардон шуда ба Порис омадаанд. Яъне онҳо дар як ҷои бехавф дар рӯбаруи камера сухан мегуфтанд ва сабти онро аз тариқи сомонаҳояшон чун ҳарвақта намоиш медоданд. Бале намешуд, зеро онҳо супориши хоҷагонашонро иҷро кардаанд ва барои ин амалашон шояд мукофотҳо онҳоро интизор буд. Ва дар сурати дигар агар дар даст шиорҳо ҳам медоштанд ва шумораи онҳо бештар ҳам мешуд ва бигузор, ки мардуми он кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд ҳам мекарданд, пас чӣ? Магар ин шармандагӣ нест? Ин панҷ нафар дар асл, кистанд ва барои Тоҷикистон, ватану миллат ба ғайр аз ҷангандозӣ дигар чӣ кори хайреро анҷом додаанд. Бисёр ҳам олӣ мешуд, ки мақомоти низомии Фаронса дасту пойҳои ин хоинонро баста ба Тоҷикистон месупурданд ва онҳо дар назди қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб мегуфтанд.

Тоҷикистон ба пеш!

Нест бод хоинони миллати тоҷик!

 

Сафар Абдулло, донишҷӯ.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:494
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3364
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64066
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603911

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?