Матни равон

Хусрави Деҳлавӣ мегӯяд: “Худ макун бегонагӣ, боре чу медонӣ, ки чарх, ошноёнро зи якдигар ҷудоӣ медиҳад”.

Плюрализм – таълимоти фалсафист, ки ягонагии оламро инкор мекунад ва чунин мешуморад, ки асоси оламро мабдаи зиёди мустақил ва намудҳои ҳастӣ ташкил медиҳад. “Чу лоф беш равад, гуфт кам равад ба савоб, чу бод тез вазад, тир кай расад ба ҳадаф” то ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо акнун бошад бо баҳонаи демократия “демократияхоҳ” шуданд. Сабаби ин тасмими нав маълум аст, яъне кори дирӯзаро ба имрӯз гузоштанд он ҳам бошад ҳамон иғво ҳамон муносибат.

 

Аслан, ҳар гуна тағйири пӯстин аз ҷониби наҳзатиҳо ҳодисаи аҷиб нест, зеро дар тӯли фаъолияти худ се маротиба мавқеи имонии худро тағйир додаанд. яъне ба хотири чї? Танњо ба хотири ишораҳо гузоштан дар назди ҳоҷагони худ. “Ба ростгӯӣ маъруф шав, агар вақте, дурӯғе аз ту равад, ҷумла рост хонандаш” бештари ин гуна афроди ҷомеа, ки дар гузаштаи таърихи худ дузду ҷинояткор ё ба нашъамандӣ машғул буданд, барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дини мубини ислом моҳирона истифода бурда мафкураи он ҷавононро вайрон карда буданд. Он рӯзҳои шуми солҳои навадумро ба хотир оред, чун он рӯзҳо рӯзҳои фаромӯшнашаванда аст. Афсӯс, ки имрӯзҳо ҳамон ашхоси риёкор, ҳамватанони азизи моро ба сӯи доми шуми худ кашида истодаанд.

Пайравони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи ҳамватанони моро бо иддаоҳои пуч вайрон карданист. “Ҳалоки хеш ҳамеҷўям арчи медонам, ки ангубин чӣ ғам аз мурдани магас дорад”. Ба андешаи мо фаъолияти моҷароҷӯёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар домест, ки раҳоӣ аз он кори басо мураккабу сахт аст, яъне дар роҳи фаъолияти тахрибкоронаи ин ҳизби ифротӣ қурбон шудан маъние надорад, чун аз ин мусибат касе ғам намехӯрад ғайр аз хонаводаи марҳум. Чанде пеш дар Олмон яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ аз дунё гузашт магар аз ин мусибат Кабириву ҳаммаслакони ӯ ғам хӯрданд? Ҳаргиз не! Чун барои ин афрод чизе муқаддас намондааст, на Ватан на падару модар на дарси устод.

“Дар фазои макру найрангу фиреб, зиндагӣ маънии худ гум кардааст”. Дар ҳоле, ки ин падидаи бад, яъне терроризми диниву дунявӣ натанҳо пайванди худро дар манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди растании заҳрпеч нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Умед бар он мебандем, ки инсонҳо байни ҳам меҳру муҳаббатро пойдор намуда “хонаи фардои моро”, яъне Ватани маҳбуби хешро бо анвору гармӣ нурафшон хоҳанд намуд. Дар охир мехоҳам ҳаминро хотиррасон намоям, ки “Гар набошем аз паи ислоҳи хеш, то абад дунё пайи озори мост”.

Равшандили РАСУЛ,

шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1621
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13801
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47400
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689320

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?