Матни равон

АХБОРОТ

ОИД БА ИҶЛОСИЯИ XVIII МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ

ШАҲРИ ГУЛИСТОН

(даъвати панҷум)

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосия бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Дар бораи тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1227, аз 6-уми марти соли 2019 “Дар бораи ба вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Фирдавс Шарифзода”, дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ”, №2 иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул кард.

 

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2012, №201 “Дар бораи тасдиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар шаҳри Гулистон маърӯза намуд. Вакилон Мирзариф Зарипов аз ҳавзаи интихоботии «Умари Хайём», № 21 ва Абдумуталиб Абдуллоев вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бедил», № 5 роҷеъ ба масъалаи асосӣ ба музокира баромаданд. Сипас мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Наимҷон Пулодов дар бораи Барномаи хусусигардонии моликияти коммуналӣ дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2019-2020-ум иттилоот дод. Котиби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Мавҷуда Собирова вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сино», № 4 доир ба фаъолияти комиссия суханронӣ кард. Вакилон инчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Восифӣ», №31 Равшан Ахмедовро доир ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ шуниданд.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Гулистон Аъзам Муротзода дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2019 ахбор пешниҳод намуд. Дар фарҷоми кори иҷлосия вакилон қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Гулистонро вобаста ба кадрҳо ва ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун тасдиқ намуданд.

Доир ба масъалаҳои дар иҷлосия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар кори иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) пӯшида эълон гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:281
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12694
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91081
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7630926

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?