Матни равон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи фаъолони шаҳри Гулистон бо иштироки  муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбӣ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагон ва фаъолони дигари соҳаҳои хоҷагии халқ баргузор гардид.

Ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2018 муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Дар маърӯза дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки давоми соли 2018 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 144,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 111,6 фоиз иҷро шуд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти  хароҷот 100 фисад иҷро гашт.

Дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти шаҳр 572,8  миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардидаанд. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин  давра ба маблағи 3, 4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 30,1 фоизро ташкил дод. Соли сипаригардида 27 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 245,9 миллион сомонӣ иҷро гардид. Соли 2018 дар 40  иншооти ҷашнӣ  корҳо ба иҷро расонида шуданд. Дар маърӯза инчунин дигар самтҳои фаъолият мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Дар музокира мудири бахши энергетика ва саноат Фазлиддин Орифзода, мудири шуъбаи маориф Мирҷумъа Бобозода, сартабиби беморхонаи марказӣ Гулсанам Пӯлодиён, иҷрокунандаи вазифаи комиссари  ҳарбии шаҳр майор Ином Мавлонов, раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Сафар Нурматзода, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Сайдуллоӣ баромад намуданд.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи энергетика ва саноат Озифхон Шарифзода иштирок ва баромад кард.

Дар фарҷоми ҷаласа иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба вазифаҳои масъулин ва фаъолон дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 суханронӣ намуд. Ҳамзамон, дар тақвият ва густариши фаъолияти шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр вазифагузории мушаххас карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:24
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10977
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17164
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39915
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1522995

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?