Матни равон

Тарзи тафаккури олами ҷиноӣ аз ашхоси солимфикр башиддат фарқ мекунад. Олами ҷиноӣ чӣ кадар вазъият ноором ва бесубот бошад, ҳамин қадар шароити мусоид  барои қатлу роҳзанӣ пайдо мекунад. Тарзи тафаккури наҳзатиҳо, чузъи аввалунсури олами чиноятӣ аст. Наҳзат бо оромӣ душмани ашаддӣ мебошанд. Наҳзат бо субот рақобати оштинопазир аст. Тасаввур кунед, дар сурати сулҳу оромӣ, ин лаҷомгусехтагони завлонаҳои асримиёнагӣ, тавони пешниҳоди амалӣ ва созандеро надоранд, қобилияти сохтан ва бозсозии чомеаро наоранд. Танҳо мувосилат ба зӯрӣ ва даҳшат, фишанг ва ё ба ибораҳои муосир «бренд»-и наҳзат мебошад. Асосгузори қатлу ғорат баъд аз 70 соли шӯравӣ ба таври оммавӣ ҳамин наҳзат аст. Паём.нет бошад Паёмрасони марг ва тахрибкорӣ аст.

Паём.нет, ки тавони арзёбӣ ва таҳлили холисони ҳодисаҳоро бо фирорӣ шудан ба хориҷа гум кардааст, фарзияҳои аҷибу ғариб мебарорад. Бо сарлавҳаҳои дакаданг «Фармони тиркушоӣ ба зиндониёнро кӣ дод?» мехоҳад хонандаро ба кобуси нофаҳмӣ бибарад, шаку шубҳаро ба вуҷуд биёварад.

Ин гумроҳони мафтуни муҳоҷират дарк намекунанд, ки таъмини амнияти 9 млн.нафар кори осон нест, хосатан дар сурате ки қаноти ҷангии ҳизби террористи мамнуъшуда «Ансорулло» дар сарҳади давлатӣ қад алам кардааст. Ҳаммактабон ва ҳаммаслакони наҳзат-«ДОИШ» ва «ал-Қоида» бошад рӯз то рӯз дар шимоли Афғонистон қувват гирифта, ҳамчун шамшери Домоклус ва абзори фишор бар вазъият таъсиррасон аст.

Яъне ба иборати дигар, ҷинояткорони қотил, ки аз ҷониби наҳзатиҳо аз хориҷа идора мешаванд, ба ҳар шаклу сурат меҳоҳанд, ки мисли соли 1992 зиндонҳо кушода шаванд, қотилон мусаллаҳ шаванд ва вазъиятро ба ҷанги дохилӣ биёваранд.

Чунончи, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиристодани даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишвари мо ва боздошти онҳо аз сӯйи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, намоишҳо нишон дода шуданд.  Ин наҳзатиҳо нақшаҳои зиддибашариро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд, ҳодисаҳои асри 20-умро бо пиёдасозии хиёнати такрории таърихӣ ба миён биёваранд.

Раҳоӣ аз тафаккури ифротӣ (хонад шавад наҳзатӣ) заминаи рушду инкишофро  муҳайё месозад. Эҳёи саноатро ба бор меоварад. Ҷавононро ҳушёру бедор ва касбӣ месозад.  Аз ин лиҳоз, ба ҳар кору боре ки вазъиятро ором месозад, чи тавр ки дар боло гуфта шуд, наҳзатиҳо душмани сарсахт  мебошанд. Наҳзат мутародифи харобкорӣ мебошад. Наҳзат, яъне босмачи нав, навбосмачӣ, необосмач…

Ҳамин тариқ, туҳматзании наҳзатиҳо ба кормандони давлатӣ

аз ғаризаҳои ҳайвонӣ маншаъ мегирад. Вале, усули муносибати инсонӣ аст, дар сурате ки «душманат ба танқид лаб во кард, бидон ки дар роҳи рост рафта истодаӣ». Роҳи мо росту роҳи наҳзат ба сӯйи гӯр аст.

“Ман ба митингу ошӯб нафрат дорам”, ин шиори ҳар шахси давтлатмадор аст. Мо давлатро ҳамин тавр месозем.

 

Косарев Рустам, таҳлилгар

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:113
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7716
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19224
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47056
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:60761
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1907618

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?