Матни равон

Табиати як идда  хеле аҷиб буда, ин нафарон қодиранд дар қиболи некӣ  бадӣ кунанду ашхоси дар ҳаққашон бадиҳои зиёд кардаро болонишин созанд.  Бо вуҷуди  то гардан дар гуноҳ ғарқ будан, аз худ фаришта метарошанд.  Дар ҳоле аъмоли нопоки дигаронро фош карданианд, ки  номаи аъмолашон пурдоғ аст.

Чунин шабеҳиро дар кору пайкори Мирзо Салимпул – муассиси фоҳишасомонаи  “Ахбор ком” мушоҳида кардам. Қабл аз ҳама мехоҳам шарҳ  диҳам, ки чаро “Ахбор ком” фоҳишасомона аст?

Касоне, ки аққалан як маротиба ба ин сомона мурур кардаанд медонанд, ки кулли матлаби он, ба истиснои матолибе, ки бо супориши хоҷагонаш Салимпул иншо мекунад, моли дигар расонаҳо ва саҳифаҳои шахсиятҳои алоҳида аз шабакаҳои иҷтимоӣ аст.  Ба ибораи дигар, “Ахбор ком” фоҳишасомонаест, ки аз дигар воситаҳои ахбори омма бордор  мешавад.  Салимпул, ки худро нофи журналистика мепиндорад, плагиатро меҳвари фаъолиятро қарор дода,  зери ниқоби журналисти ҳақиқатнигор ва сомонаи  “мустақил”-е ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад,  аҳдофи наҳзатиҳои террористро амалӣ карда истодааст. Вой бар ҳолаш!

Ин «ҷавонмард» бо риояи назокатҳои ба худ хос ҳизби террористиеро ситоиш  ва фаъолияташро инъкос   мекунад, ки роҳбарону аъзои он дар баробари гунаҳкори марги зиёда 150000 нафари бегуноҳ ва ба кишвар расидани зиёда аз ҳафт миллиард доллари ИМА хисорот будан, дар маҳви истеъдод ва марги даҳҳо журналист   даст доранд. Куштори журналистони шинохта, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзод  аз ҷониби ТТЭ  ҲНИ амалӣ шудааст. Барои мисол, 5 майи соли 1992, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода, кушта шуд. Тафтишот собит намуд, ки  дастури нобуд кардани М. Шерализодаро яке аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ Худойдодов Абдуғаффор («мулло Абдуғаффор») додааст.Чунин амали террористӣ нисбат ба котиби масъули рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ” (ҳоло «Ҷумҳурият») Хушбахти Ҳайдаршо, 19 майи соли 1994 содир гардида буд.

Ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, ки Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Бино ба далелҳои мавҷуда,  қатли номбурдаро бо дастури собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат  А. Назарзода, дастпарварони марказҳои террористии кишварҳои хориҷӣ содир намудаанд. Мудири бахши форсии радиои «Би-Би-Си» дар Тоҷикистон, Муҳиддин Олимпур низ аз дасти ин тӯдаи бадхоҳон ба қатл расид. Дигар пешвоёни ин  ташкилоти террористӣ низ аз Назарзода «ибрат» гирифта, корманди Радиои Тоҷикистон Саидшо Саидов, 4 феврали соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара аз тарафи ҷангиёни қумондони ИНОТ, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ  М.Зиёев («Мирзо Ҷага») ба ҳалокат расид.

Мухбири телевизиони ҷамъиятии Россия (ОРТ) Виктор Никулин, 28 марти соли 1996 дар дафтари кории шабакаи мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, бо дастури  Назарзода А. аз ҷониби узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Аҳтам Тоиров кушта шуда буд.

Ҳайвонсиратии  аъзои ин ташкилоти террористӣ то ҳаддест, ки ҳатто ба ҳамсафонашон  раҳм намекунанд. Далел меорам: Журналисти варзида, мухбири махсуси рӯзномаи машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон «Правда», Раиси зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ  Отахон Латифӣ, 22 сентябри соли 1998 дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. Бино ба хулосаи тафтишот, дар қатли номбурда размандагони ТТЭ ҲНИ, ки аз мавқеъгирии номбурда изҳори норозигӣ мекарданд, даст доштанд.

Бо дарки масъулият мегӯям, ки ТТЭ ҲНИ қотили журналистон ва душмани озодии сухан буду ҳаст. Наҳзатиҳои хурофотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявӣ, ки озодии сухан рукне аз онҳост, чашми дидан надоранд.

Эътироф бояд кард, ки наҳзатиҳои террорист имрӯз низ то андозае аз як идда  журналистон, аз ҷумла Мирзои Салимпул  истифода намуда истодаанд.  Фаъолияти Салимпул дар давоми моҳҳои охир ва мазмуну моҳияти матолиби фоҳишасомонааш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки   номбурда яке аз журналистони кисагии ТТЭ ҲНИ  маҳсуб мешавад. Мардона бояд гуфт, ки ин нафар аз лиҳози касбият журналисти бад нест, вале майли беандоза доштанаш ба пули бедардимиён боис  шуд, ки ба доми макру фиреби наҳзатиҳо афтад. «Маҳсул»-и эҷоди Мирзо аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳои террорист ин «зиёӣ»-ро мисли рифола истифода бурда истодаанду баробари  аз истифода баромадан мисли дигар журналистони замоне барои наҳзатиҳо болонинишин  партоб хоҳанд кард.

Бовар нокарданист Салимпул намедонад, ки дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири “дигарандешӣ” қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Ҳамрадиф бо ин,  Салимпул дарк кардан намехоҳад, ки идома ёфтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфтааст, танҳо бар зарари мардуми мо буд . Мутмаинам, ки барои «Салимпулҳо»-ҳо комилан бетафовут аст, ки агар нисбат ба ТТЭ ҲНИ мақомоти зиддахли Тоҷикистон саривақт чораандешӣ намекарданд, пайомадҳояш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт.

Бидуни шубҳа, ин “дилсӯзон”-и миллати тоҷик барои ба вуҷуд омадани чунин ҳолат ҳавасманданд. Барояшон бефарқ аст, ки дар ин сурат нафарони зиёде ба мотам мешинанд ва фарзандони ятиммондаи тоҷикро на дигарон, балки модаронашон бо оби чашм ба воя хоҳанд расонд.  Ҳамватанонамон хуб медонанд, ки ташкилоти террористии мавриди назар таҷрибаи “ғанӣ”-и ноором кардани кишварро дошт. Шоҳиди ҳол будем, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  Ҳукумати Тоҷикистон ба саркардагон ва аъзояш гузаштҳои зиёд карда, орзуи деринтизорашон – мансабҳои давлатиро аз ҳисоби тақсимоти 30 фоиза барояшон арзонӣ дошт.

Сарфи назар аз гузашту ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон наҳзатиҳоро марому мақсад дигар буду ин раванд аз ҷониби хоҷагонашон муайян ва мушаххас мегардид. Бинобар ин, пас аз мағлубият дар интихоботи парламентии соли 2015 маротибаи дуюм ба барангехтани низоъ ва ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон даст заданд. Ин “бузургон”, ки дар амалӣ гардонидани корҳои ношоиста ва ғайриинсонӣ, ки таҷриба доранд, тасмими ҷиддӣ доштанд мардумро ба гумроҳӣ бикашанд.

Мутмаинам, ки Мирзо Салимпул инро хуб медонад, вале нодида вонамуд карданаш далели возеҳи он аст, ки ҳувияти ҷавонмардиашро батамом аз даст додааст...

Шарифҷон Алиев,

таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1638
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14051
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92438
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632283

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?