Матни равон

Нимаи дуюми рӯзи 12 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар ҳузури фаъолон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2018 Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.

Зикр гардид, ки Сатториён Матлубахон Амонзода дар солҳои роҳбарии худ барои беҳтар шудани вазъи зиндагии сокинони шаҳр кӯшиш намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми арзанда гузошт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамараш ба Сатториён Матлубахон Амонзода изҳори сипос намуда, ба Фирдавс Шарифзода барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барори кор таманно кард.

Фирдавс Шарифзода 16 феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1437
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13850
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92237
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632082

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?