Матни равон

30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, рафти корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе низ меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷиди бузург ва ободонию сабзазоркунии майдони назди он масъулини корҳои сохтмониро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороиши босифати бино ва бахусус ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2475
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6123
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89908
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7731828

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?