Матни равон

Раёсати молия дар шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2018 бо мақсади пурра ба буҷет ворид намудани даромадҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурӣ, назорати доимии мақсадноку самаранок хароҷот намудани маблағҳо аз тарафи истифодабарандагони маблағҳои буҷетӣ ва назорати риояи интизоми молиявӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, қисми даромади Буҷети давлатии шаҳр дар ҳаҷми умумӣ барои нуҳ моҳи соли 2018 бо тағйироташ ба миқдори 105 638 977,0 сомонӣ дар нақша пешбинӣ шуда буд, амалан бошад ба миқдори 105 639 399,0 сомонӣ маблағ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид, ки 100,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё ин ки аз нақша ба маблағи 422,0 сомонӣ маблағ зиёд ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.

Нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум (93 201 378,0 сомонӣ) дар муқоиса 12 438 021,0 сомонӣ маблағ зиёд ворид шудааст, ки 113,3 фоизро ташкил медиҳад.

Аз 11 намуди манбаҳои даромади ба нақша гирифта шуда, иҷрои нақшаи 3 намуди манбаи даромад таъмин нагардид, ки ин андози даромад аз шахсони воқеӣ 66,0 фоиз (-5 949 927,0 сомонӣ), андоз аз арзиши иловашуда 88,6 фоиз (-1 650 557,0 сомонӣ) ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 50,6 фоиз (-8 378 989,0 сомонӣ) мебошад.

Маблағи умумии вориднагардида -15 979 473,0 сомонӣ буда, нисбати нақшаи умумӣ 15,1 фоизро ташкил медиҳад.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андоз аз арзиши иловашуда дар он мебошад, ки аз 30 корхонаҳои саноатии шаҳр 7 корхона: НБО “Дӯстии халқҳо”-89,2%, ҶДММ “Апрелевка”-95,6%, ҶДММ “Сахо и К” -78,9%, ҶДММ “ШСКТХ” -86,6%, ҶДММ “Хубон”-82,9%, ҶДММ “Чархи гандумин”-27,8% ва ҶДММ “Зарфишон М”-27,6% бо сабабҳои гуногун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар давраи ҳисоботӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда натавонистанд.

ҶДММ “Сахо и К” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолӣ, Нерӯгоҳи барқи обӣ бо сабаби кам шудани ҷараёни об дар давоми моҳҳои январ-июн, ҶДММ “Хубон” ва ҶДММ “Чархи гандумин” бо сабаби ба фурӯш кам рафтани маҳсулоти истеҳсолӣ ва зиёд шудани бақияи маҳсулот дар анборҳои корхонаҳо, ҶДММ “ШСКТХ” ва ҶДММ “Апрелевка” бо сабаби кам шудани файзнокии маъданҳои истихроҷ шуда ва дар ҶДММ “Зарфишон М” бо сабаби аз ҷониби фармоишгар Агентии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт дастрас карда нашудани гандум ва бе ашёи хом мондан натавонистанд, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаҳои дар пешистодаро таъмин намоянд. Дар натиҷа дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ин корхонаҳо ба маблағи 397,5 млн. сомонӣ маҳсулот кам истеҳсол шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҶШСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон” бо сабаби паст рафтани нархи маҳсулоти истеҳсолиаш, Матбааи шаҳрӣ, ҶДММ “Абадӣ” бо сабаби барҳам дода шуда истодани корхона, ҶДММ “Таъминот и К” бо сабаби ба дигар ноҳия кӯчидан ва ҶСП “Сидней Хуҷанд” бо сабаби мавсимӣ будани намуди фаъолият фаъолияти истеҳсолӣ набурданд.

Сабаби дигари иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар он мебошад, ки ин кам шудани теъдоди коргарон дар корхонаи ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» мебошад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ шумораи кормандон 1986 нафарро ташкил дода, соли қаблӣ ин нишондиҳанда 2505 нафарро ташкил медод, ки шумораи коргарон нисбати соли гузашта 519 нафар кам шудааст. Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» бо сабаби набудани оби техникӣ истеҳсоли маҳсулотро дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ нисбати нақша ба миқдори 117,9 млн. сомонӣ кам истеҳсол намудааст, ки ба иҷрои нақшаи андозҳои мазкур таъсири худро расонидаст.

Қисми даромади Буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми умумӣ барои нуҳ моҳи соли 2018 бо тағйироташ миқдори 29 525 196,0 сомонӣ дар нақша пешбинӣ шуда, амалан ба миқдори 32 739 600,0 сомонӣ маблағ ба Буҷети маҳаллӣ ворид гардид, ки ин 110,9 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ё ин ки аз нақша ба миқдори 3 214 404,0 сомонӣ маблағ зиёд ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст.

Нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум (27 889 621,0 сомонӣ) дар муқоиса 4 849 979,0 сомонӣ маблағ зиёд ба буҷети маҳаллӣ ворид гардид, ки 117,4 фоизро ташкил медиҳад.

Аз 10 намуди манбаҳои даромади ба нақша гирифташуда, иҷрои нақшаи 2 намуди манбаи даромад таъмин нагардид. Ин андози даромад аз шахсони воқеӣ 65,5 фоиз (-1 762 631,0 сомонӣ) ва андоз аз арзиши иловашуда 88,6 фоиз (- 495 167,0 сомонӣ) мебошад. Маблағи умумии вориднагардида -2 257 798,0 сомонӣ буда, нисбати нақшаи умумӣ 7,6 фоизро ташкил медиҳад.

Сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андозҳои зикршуда бо сабабҳои дар боло нишондодашуда вобаста аст. Замима (ҷадвали 1а).

Хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ ба маблағи 30266,3 ҳазор сомонӣ дар нақша пешбинӣ шуда буд, дар амал бошад 30198,4 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шуд, ки 99,8 фоизро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (27318,8ҳазор сомонӣ) 2879,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва 111,0 фоизро ташкил менамояд. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи мақомоти молияи шаҳр афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоии буҷет дода шудааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг беш аз 22071,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 73,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии шаҳрро ташкил менамояд (ҷадвали иҷрои нақшаи хароҷотҳои соҳаҳои маориф (ҷадвали 2а) ва нигоҳдории тандурустӣ (ҷадвали 2б) дар поён оварда мешавад).

Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодабарии нерӯи барқ 138,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, хароҷот карда шудааст.

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2018

ҷадвали 1а (бо сомонӣ)

Номгӯи андозу пардохтҳо

Нақша бо тағйироташ

Иҷро

Фоизи иҷро

Андози даромад аз шахсони воқеӣ ва аз пардохти патент

5112920

3350289

65,5

 

Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

17002046

21898363

128,8

Андоз аз молу мулки ғайриманқул

1051200

1099043

104,6

Андоз аз арзиши иловашуда

4347150

3851983

88,6

Андози тибқи низоми соддакардашуда

1051200

1084559

103,2

Аксизҳо

164250

190200

115,8

Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

372300

418926

112,5

Андозҳо барои захираҳои табиӣ

210240

563548

268,0

Боҷи давлатӣ

148190

173612

117,2

Даромадҳои ғайриандозии маҳаллӣ

65700

109077

166,0

Ҷамъи даромадҳо:

29525196

32739600

110,9

 

 

 

 

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Гулистон мувофиқи соҳаи маориф дар давоми нуҳ моҳи соли 2018

ҷадвали 2 А

 

(бо сомонӣ)

Номгӯи хароҷот

Нақша бо тағйироташ

Иҷро

Фоизи иҷро

1

2

3

4

МАОРИФ

 

 

 

4.1. Маълумоти томактабӣ

2598640

2597677

99,9

Музди меҳнат ва маош

1118598

1118464

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

275867

275719

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

1204175

1203494

99,9

4.2. Маълумоти миёна

8777774

8747592

99,7

Музди меҳнат ва маош

5295287

5295204

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

1328802

1328621

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

2153685

2123767

98,6

4.4.Муассисаҳое, ки ба категорияи дигар шомил нестанд

1892257

1891496

99,9

Музди меҳнат ва маош

830393

829944

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

208043

207809

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

853821

853743

99,9

4.5. Фаъолияти дигар дар соҳаи маориф

300206

300033

99,9

Музди меҳнат ва маош

117056

117042

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

29212

29082

99,5

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

153938

153909

99,9

4. Ҳамагӣ дар соҳаи маориф

13568877

13536798

99,8

Музди меҳнат ва маош

7361334

7360654

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

1841924

1841231

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

4365619

4334913

99,3

МАЪЛУМОТ

оид ба иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Гулистон мувофиқи соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар давоми нуҳ моҳи соли 2018

ҷадвали 2 Б (бо сомонӣ)

Номгӯи хароҷот

нақша бо тағйироташ

иҷро

фоизи иҷро

1

2

3

4

5.1. Беморхонаҳо

3759216

3754039

99,9

Музди меҳнат ва маош

2095307

2095080

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

519129

518989

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

1144780

1139970

99,6

5.2. Дармонгоҳҳо

2299486

2298623

99,9

Музди меҳнат ва маош

1394561

1394451

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

347457

347315

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

557468

556857

99,9

5.3. Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ

302745

302423

99,9

Музди меҳнат ва маош

202120

202025

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

50374

50335

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

50251

50063

99,6

5.4. Фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ

 

Музди меҳнат ва маош

 

 

 

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

 

 

 

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

 

 

 

5. Ҳамагӣ дар соҳаи нигоҳдории тандурустӣ

6361447

6355085

99,9

Музди меҳнат ва маош

3691988

3691556

99,9

Маблағҷудокунии кордиҳандагон

916960

916639

99,9

Хариди молҳо ва хизматрасониҳо

1752499

1746890

99,7

 

Раёсати молия дар шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3416
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3416
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87201
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7729121

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?