Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Суиистифодаи наҳзат аз Ислом

 

Санаи 15 октябри соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.


 

Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки иштирокдорони Конфронс аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд. Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур фаъол буда, дар бораи хатари наҳзат дар ҷомеаи демократӣ суолҳои зиёд пешниҳод карданд.

Дар рафти Конфронси байналмилалӣ дар баробари дигар меҳмонон, маърузачиён инчучин суханронии фарохи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ сурат гирифт. Ҳамзамон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо  пешниҳоди донишҷӯи Донишгоҳи Истанбул Ферҳат Гул маълумоти зарурӣ дар бораи амалҳои нопоки наҳзат изҳор намуданд;

Ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзат дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони мазкур фаъолияти худро ба таври махфиёна пеш мебурд. Мақсади он ба таври зуроварӣ ғасби ҳокимият ва барпо намудани давлати Хилофат дар Тоҷикистон буд.

Боиси шукр аст, ки Худованди бузург марому мақсади нопоки ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи террор аз байн бурд. Баъди пош хўрдани иттиҳоди Шӯравӣ 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Наҳзат баъд аз шикасти сахт хўрдан дар шаҳри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо роҳи зӯроварӣ ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдидин Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии ноҳиявии Ғарм таъйин карданд. Роҳбарони ин гурӯҳ онҳоро ба “ҷиҳод” ба муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват менамуданд.

Дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват мекарданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуда буд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар ҶИА амал мекард. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузоштанд то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Ҳамин тартиб бо пешниҳоди донишҷӯи дигар Гулҷан Атаева (миллаташ туркман) Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ изҳори назар намуд. (савол Чаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти махсусан хатарноки наҳзат созиш бастааст?)

Бо мақсади хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ҷиноятҳои кардаи ташкилоти мазкур бахшида ва он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз хориҷa барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». ҲНИ аз фаъолияти пинхонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии он огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди ҳизби исломӣ дар кишваре, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Ҳол он ки Худованд фармудааст: «Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 31-31).

Бо пешниҳоди донишҷӯи дигар Ҳасан Алӣ Юҷел дар мавриди пуштибонҳои созмони террористии наҳзат маълумоти дахлдор пешниҳод кард (наҳзат аз ҷониби кадом кишвар маблағгузорӣ мешавад?).

Дар вокуниш ба саволи Ҳасан Алӣ С.Абдулқодирзода тазаккур дод, ки албата ягон кишвар ба таври расмӣ изҳор намекунад, ки созмони терроистии наҳзатро пуштибонӣ мекунад. Вале муттасифона дар 29-умин Конфронси байналмилали бо номи “Ваҳдати Ислом” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида буд, М.Кабирӣ бо даъвати махсусси Хуманаӣ иштирок дошт. Қобили зикр аст, ки дар он Конфронс Раиси шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне банда ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида будам. Ҳарчанд наҳзат аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эълон гардида буд ва М. Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт, аммо Ҳукумати Эрон шахсан террористӣ махсусан хатарнокро даъват карда, бо ин амалҳояш пуштибониашро аз наҳзат нишон дод. Гузашта аз ин, ба номи Қиёмиддин Ғозӣ ва Сатторов Аёмуддин, ки яке аз таъсисдиҳандагони наҳзат ба шумор мераванд бо далелҳои дақиқ пайваста таъкид мекунанд, ки пуштибонии аслӣ наҳзат Ҷумҳурии Исломи Эрон аст.

Аз ин рў, тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ медонистанд. Фаъолияташро номаъқул ҳисобиданд. Аммо ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ намекард. Бо кўмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИ аъзоёни онро ба содир кардани ҷиноятҳои сангину террористӣ имконият дод. Чуноне, ки маълум аст, бо супориш ва маблағгузории роҳбари феълии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ санаи 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худ доштанд аз силоҳи террористони наҳзатӣ кӯшта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табадулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки фарқ миёни наҳзат ва созмони террористии Фатҳулоҳ Гӯлен дида намешавад.

Гузашта аз ин, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзоёни наҳзат ва дастпарварони Эрон изҳор назар намуда, таъкид доштанд, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои сайёҳат ва истироҳатомада буданд. Аммо нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ҷавонони хориҷиро бераҳмона ба қатл расониданд. Дар ин росто Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки хушбахтона мақомотҳои дахлдори Туркия чунин хатари наҳзатро дарк намуда, роҳбарият ва аъзои наҳзатро аз кишвари дӯст ронданд.

Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:

«Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!»

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб факат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардуми мусалмон ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», фаъолияти он ҳизбҳое, ки бо роҳи зўроварӣ, терроризм, таблиғи маҳалгароӣ ва ё динӣ мақсади тағйир додани сохти конститутсиони кишварро доранд, манъ мебошад.

Роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ мардуми мусалмони тоҷикро бо роҳи фиреб дар бемористон, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аъзои ҳизби мазкур гардонида, қайд мекарданд, ки “Намоз хондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизби исломӣ бошед”.

Байни мардум тарғибу ташвиқ мебурданд, ки дар интихоботҳо набояд номи Исломро аз рӯйхати ҳизбҳо хат зананд, то ин ки «кофир» мегарданд. Аз ин маълум мегардад, ки бо сўистифода аз эътиқоду боварии халқи мусалмони тоҷик ва гумроҳ сохтани онҳо бо ояту ҳадис ҲНИ мақсад доштааст, ки бо ин  васила халқи тоҷикро муқобили Ҳукумати конститутсионӣ намуда, зимоми ҳокимиятро бо роҳи зўроварӣ ва террор ба дасти худ гирад.

Исломи азиз дурӯғу фиребу иғвогариро намеписандад. Чунонки Худованд дар бораи касоне, ки дар миёни ҷомеа фитнаю ихтилоф меангезанд, фармудааст: «Туро бо касоне, ки дини хешро фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад». (Анъом; 159).

Ниятҳои нопок ва мунофиқонаи онҳо бе ҷазо намонда, Худованд онҳоро хору залил ва дар ба дари олам намуд.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгаро ва террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро барҳам доданд.То имрӯз рӯҳониёни исломии асил ҲНИ-ро кабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд. Чунки Худованд аз низоъ ба таври умум манъ намуда мефармояд:

«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». (Анфол; 46).

Ҳамчунин Худованди меҳрубон дар ҷои дигар фармудааст:

«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». (Оли Имрон; 105).

Дар охири суханронии Саидмукарам Абдулқодирзода бори дигар аз мақомотҳои дахдори Туркия ҷиҳати рондани аъзоёни наҳзат аз кишвари бародар изҳори минатдорӣ намуд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2786
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9660
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41587
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1341287

Мо дар Фейсбук