Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

ангораи як мусаввара ...

1.МАЗО МО МАЗО

"Гузашт он чи гузашт".

Аз гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям. Миёни як ҳизби сиёсии собиқадор ва бонуфузро бишкаст. Даҳҳо нафар кушта ва зиндон шуданд. Садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳоҷират оварданд. Агар Кабирӣ инсоф медошт ҳатман истеъфо медод. На он истеъфоҳои пуркарашма ва барои худнамоӣ, ки соли гузашта дар чанд маҷлиси раёсати наҳзат аз забони ӯ садо дода буд. Ӯ дигар куҷо хоҳад ёфт ин биҳиштро? Пули бедардимиён, лаббайкзании тамаллуқпешагон, саногӯии косалесон, таъзими соддадилон, рағбати бонувон. Ин ҳам навъе аз гирифторӣ ва мӯътодист. 
"Зиракӣ"-и сиёсии пешвои наврустаи исломиёни тоҷик дар остони хонадонаш анҷом ёфт. Бале, Кабирӣ замоне писархонди ҳукумат буд. Бештар ӯ мудири бахши кор бо созмонҳои диниро дар дастгоҳи президент ба ёд меовард. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки пайваста ба Кумитаи амнияти миллӣ ҳисобот медод, ки "ҳарорат"-и мазҳабиён чанд аст ва "набз"-ашон чӣ тавр метапад. 
Аз корхонаи истеҳсоли коғази ташноб (туалетная бумага) то бозори сердаромадтарини шаҳри Турсунзода, ки ба номи завҷааш номнавис гашта буд, аз фирмаҳои сохтмон то пули бедардимиёни кишварҳо ва шахсони алоҳида ҷавони музофотиро бе бода маст карда буданд. На аз ҳуқуқи инсон мегуфту на аз маҳбусони сиёсӣ. То замоне пеши роҳи худаш боз буд, на парвои бастани масҷидҳо дошт, на парвои дар кадом тангно афтодани мардуми диндор.

Хидмати шоёни дигар ва "зиракӣ"-и сиёсии ӯ бадном ё аз саҳна бурун андохтани ҳизбҳо ва шахсиятҳои дигар буд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Раҳматулло Зоиров низ қурбонии бозиҳои пасипардагии ин зираки аз андоза гузаро гардида буданд. Кабирӣ аз Душанбе истода ба ман, Каромат Шарипов, Умаралӣ Қувватов низ санг мепартофт. 
Чаро? 
Ин чароро бечунучаро кабиришиносон хуб дарк кардаанд.

Кабирии гирифтори маризии худдӯстдорӣ мехоҳад танҳо худаш подшоҳи мухолифин бошад. Танҳо дар саҳна худаш ҷилва бинамояд.

Ҳангоме, ки зиракӣ аз марз гузашт, ба макр бадал мегардад. Макр сифат не, макр хабосат ва кори оҷизон аст. Байни зирак ва маккор масофа аз Файзобод то Исломобод аст.

2. ХОМШӮРБОИ ТОҶИКӢ Ё СУПИ ТУРКӢ?

Ҳасби ҳоли исломии рақами якуми Тоҷикистон моломоли як аломат аст. 
Аломати суол.

Чаро бештари сарони Наҳзат боздошт ё зиндонӣ гаштанд, аммо сарварашон не? Кӣ ё кадом сохтор ба Кабирӣ гуфт, ки тамоми бизнес ва дороиҳояшро аз кишвар бурун кашад? Чаро баъди фирор кардан Кабирӣ беш аз як сол хомӯш буд, ҳатто ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа мерафт ва суҳбатҳои маҳрамона мегузаронид? Роҳи оштӣ меҷуст ё "вазифаи хонагӣ" мегирифт? 
Ман посух ба ин пурсишҳо намеҷӯям. Барои ман бозиҳои як бозигари номуваффақ аҷоиб нест. Барои ман аҷибтар бозиҳои Кабирӣ ба рағми ман аст. Ман дӯст надорам, ки касе ё нокасе пеши ман тахтаи шоҳмот гузорад ва бидуни ризоияти ман ба бозӣ пардозад.

Ҳанӯз замоне ки Кабирӣ дар Истанбул буд, ба мӯшугурбабозӣ пардохт. Ин дафъа ӯ мехост сари оппозитсияи дар хориҷа бударо барканад ва хомшӯрбо омода кунад.

Ман аз ҳамааш огоҳ будам. Аммо барои мани кунҷкоб аҷиб буд, ки то куҷо ин сиёсатбози новарзида ҳунари ошпазӣ дорад?

3. ДАСТКАШӢ АЗ ИСТЕЪМОЛИ "САБРАЛГИН"

Ин даворо ман барои Кабирӣ ихтироъ карда будам. Мариз бо ин даво шифо ёфт ва ба худам ҳуҷум овард. Худо ба балои бад гирифтор кунад падархонди Муҳиддин – Эрдуғонро. Чун ӯ кафши писари ношудашро пеш гузошт ва оқ кард, Кабирӣ ба Аврупо омад. Чун визои Шветсарияро дошт, гумон доштам, он ҷо маскан мегузинад.

Аммо ин оққи абавайн ҳанӯз замони дар Туркия будан ба он расидааст, ки маро низ аз саҳнаи сиёсат ба осон берун меандозад ва ин як кори саҳл аст. Бехабар аз он ки ман саҳли мумтанеъам! 
Ҳуҷуми бесобиқаи пропагандистони дупула, фейкҳои ваҳшӣ сар шуд. Ин ҳоло ибтидо буд. Интиҳо пароканда кардани Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон, барҳам задани итттиҳоду иттифоқ байни мухолифин, шикастан, саҳеҳтараш, пора-пора кардан ва сипас ба ҳам овардани онҳо буд. Ин амалиёт бояд бо ба дор овехтани Додоҷон Атовуллоев ба поён мерасид.

Афсӯс мехурам, ки он иттиҳоде, ки мо то омадани Кабирӣ доштем, дигар нест. Маҳз ӯ фитна андохт ва ҷамъи моро парешон кард.

4. ЯК ОППОЗИТСИЯ, ЯК БУТ, ЯК ЯКДОНА

Фалсафаи Кабирӣ фалсафаи мурғ аст. Ончуноне мурғ мехоҳад дар шоҳаншоҳии ӯ танҳо мӯру малах ва кирму шуллук бошаду бас. Ӯ ҳамеша ба ҳамаи ононе, ки аз вай болотаранд ва ба мардум маҳбубтаранд, бо чашми кина ва рашк менигарад.

Далел? Бубинед, дар аҳди роҳбарии ӯ ҳизби, ба қавле, чиҳилҳазора як кабира дораду халос, ки он ҳам худи ҳазрати Кабирист. Дигар касе нест.

Ононе, ки метавонистанд конкурент бошанд, ба рӯйхати сиёҳи Кабирӣ медаромаданд ва ҳизбро тарк мекарданд ё ба тақдир тан медоданду якумр дар сафи "ва дигарон" мемонданд. 
БОЗ ЯК ДАЛЕЛ: ба чеҳраи ҳампаймонони нави Якдона бингаред. Ягон номро намеоварам, зеро ҳама ҳамсангу ҳамранги якдигаранд. Ҳама гуна шарҳ як сангест, ки барои мувозинати бор ба тарафи дигари лингаи алаф ё ҳезум мегузоранд ва чун хар ба манзил расид, он сангро меафкананд.

5. АРӮСИ ХОНАМОНДА ВА ДОМОДИ ПУШАЙМОНХӮРДА

Пас аз хомӯшии мадиду аврупоӣ шудан, Кабирӣ бояд қабл аз ҳама ба спонсорҳояш нишон медод, ки ӯ "шикаст хӯрда бошад ҳам, пош нахӯрдааст". Ҳатто худро сафед ҳам мекард: "мо дар дохил будем ва даступоямон баста буд. Акнун, ки дар хориҷаем, даступоямон кушода шуд". 
Яъне, алё Теҳрон, ҳоло хохед дид, ки Кабирӣ ба чӣ қодир аст. Агар дирӯз Кабирӣ роҳбари муаззами як ҳизб буд, ҳоло роҳбари ягонаи тамоми оппозитсияи тоҷик хоҳад шуд.

Тоҷири сиёсӣ дахлу харҷро шабҳои дароз ҳисобу китоб мекард. Як сомонӣ маблағгузорӣ кунам, чанд сомонӣ суд меоварам?

Сохтани сайтҳо, ташкили конфронсҳо, ба роҳ андохтани чанд созмони фейкӣ, мақолаю мусоҳибаҳои пулакӣ, хӯрондану пӯшонидани муттаҳиддини нави нимурёну нимгурусна варо асабӣ мекарданд. 
Аммо ӯ дандон ба дандон мемонду даст ба ҳамён мебурд. Харҷи ҳар як евро ва доллар барояш мисли кандани як дандон дардовар буд.

Якравӣ ва гарданшахии ҳаракату гурӯҳҳои сиёсии дигар, аз ҷумла Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон, "Гурӯҳи 24", шахсиятҳои номваре чун Ҳафиз Бобоёров ва дигарон, ки ҳеч розӣ намешуданд, ки зери чатри Кабирӣ бошанд, барояш аз дарди дандон ҳам ҷонкоҳтар буд.

6. ТИФЛЕ, КИ МАРИЗ БА ДУНЁ ОМАД...

Тифле, ки се сол Кабирӣ дар интизораш буд, дар Варшава таваллуд шуд. Рӯзи мавлудаш ҳама падару падархондҳояш ҳатто дастобадаст рақсиданд. Рақсе нестандарҷаҳон. Дар зери оҳанги "Дубора созамат Ватан". Зуд бадхоҳон шоҳбайтро дигар карданд: "Дубора сӮзамат Ватан!". 
Ба навзод номе зебо ниҳоданд: Паймони Миллии Тоҷикистон. Ва ҷанҷоле бархост, ки идеяи ном дуздӣ будааст. Дигар чанд рӯз на касе аз барномаю корнома мегуфт, на аз вазну вазъи ин "тифли бехосият" (ибораи яке аз наҳзатиён). Тую ман, гӯю магӯ, кашмакаш то Лондону Порису Берлин расид.

7. РӮБИНОН Ё МУАРРИФИИ ТИФЛ

Илми тиб дар айёми мо хеле рушд ёфтааст. Пизишкон бо хоҳиши падар ҳама корро карданд, то тифл дар арафаи конфронси Варшава ба дунё чашм кушояд. Аммо Қадамшоҳ Исматов бовар дорад, ки илм ҳеч аст, ин ҷо нақши асосиро сеҳру ҷоду бозид.

Долонҳои конфронси САҲА (Созмони амният ва ҳамкории Аврупо) аз кабириён пур буд. Дар ҳар маҷлису дар ҳар мавзӯъ онҳо суханронӣ мекарданд. Гӯиё шаби эҷодии Кабирӣ ё бенефиси ӯ буд. 
Даҳ рӯзи як намоишнома, спектакли як актёр бо як занозании ҳайатҳои тоҷикон ва як "занталоқи тоҷикии Кабирӣ" ва "сафед кардани номи босмачиён" дар ёдҳо монду халос. Дигар ҳеч! Нишастанду гуфтанду бархостанд.

8. ВА АММО БАЪД

Ё ҲАРФҲОЕ, КИ БАРВАҚТ БОЯД ГУФТА МЕШУДАНД...

Ба ошиқони Кабирӣ, ки ӯро танҳо ба ивази як луқма нон ё баровардани эҳтиёҷе парастиш мекунанд, гуфтание надорам, ин интихоби онҳост. Аммо дилам ба ононе, месӯзад, ки то ҳол бовар доранд, ки бо Кабирӣ ба ҷое мерасанд.

Бештар аз ҳама намехоҳам, ки навҷавонон ба доми ин тоҷири сиёсӣ биафтанд ва ба "киштии сӯрохшудаи" (иқтибос аз Сӯҳроби Зафар) ӯ савор шаванд, ки оқибаташ ғарқ шудан асту бас. Ҳатто боди шуртае ҳам бархезад, ҷуз аз сар ба бод додан илоҷе дигар нахоҳад монд.
Кабирӣ сад бор аз номи ислом хиҷолат кашида, сад созмони дигар созад ҳам, боз Кабирӣ хоҳад монд. Яке аз дигар сабабҳои сохтани ташкилоте, ки дар он номи ислом набошад, ҳамин аст. 
Сабаби дигараш сафи норозиён дар худи Наҳзат рӯ ба афзоиш аст. Баъдан хоҳем дид, ки пайравони Сайидиброҳими Назар ва Мавлавӣ Айёмиддин Сатторӣ, ки тарки ҳизб карданд ва ба Ватан баргаштанд, бештар хоҳад гашт.

Табаддулоти дохилиҳизбӣ низ аз имкон дур нест. Барои ҳамин созмони пучи ҷаълӣ гурезгоҳе хоҳад шуд, ки Раиси Якдона он ҷо по дароз кунад.

Қартаи дигаре, ки Кабирӣ зери остин дорад, ҳизби наҳзатро (агар кураторони теҳронӣ розӣ шаванд) ба дигаре супориданист ва худаш танҳо роҳбари созмони наве хоҳад шуд, ки он ҷо калимаи (астағфируллоҳ) ислом набошад. Ҳоло ҳам проекти исломӣ дигар мӯд нест, ҳам Кабирӣ бисёр шиква мекунад, ки "ҳукумати оқои Рӯҳонӣ сахт мумсик аст". Ва аз ҳоло тоҷири сиёсӣ бозори нав меҷӯяд. Ва он бозорро ӯ дар Амрико мебинад, гарчанде чанд бор Амрико ба ӯ барои сафар визо надод. 
Диққат додед? Дар намоишномаи Кабирӣ дар Варшава ягон нафар марди риши суннатидор ва бонуи ҳиҷобпӯш ба назар намерасид. Аз шахсиятҳои калидии наҳзат дида, Кабирӣ бештар ба "хоҳар Ҳумайро" (моли худи ишон. Ибора дар назар аст), Темури Варақӣ ва Равшани Темуриёни галстукпӯш аҳамият медод.

Номи ин ду нафарро ба забон оварданӣ набудам. "Слишком большая честь", – ончуноне русҳо мегӯянд. Ҳатто аз лесиданҳову “доктор” гуфтанҳояшон чашм пӯшидам. Аммо чун дар Варшава эълон доштанд, ки "ҳукумат барои қатли ин ду Че Гевара киллер фиристодааст", дигар хомӯширо гуноҳ донистам.

Ба дигарон тӯҳмат бастанро дида будам, аммо ба худ тӯҳмат бастанро бори нахуст мебинам! Нозанинтар ва пурмаънотар аз халқ кӣ мегӯяд? "Ба асп наъл заданд, қурбоққа низ по боло кардааст". 
Маро метавонед сангсор кунед, аммо мегӯям. Бо Кабирӣ оппозитсия ба ягон мақсад намерасад. Ӯ мисли як харсангест, ки пеши роҳи мухолифат ва муқовиматро мегирад.

Дар ягон маркази қабули қарор-Вашингтон, Маскав, Бруксел, кишварҳои минтақа- ҳар лоиҳае, ки дар пас ё канори он Кабирӣ меистад- пазиро нахоҳад шуд.

Бигзарем аз онҳо. Муҳимтар ва арзишмандтар пуштибонии мардуми кишвар аст. Кабирӣ хуб медонад, ки ягон вақт мардум ба ӯ раъй нахоҳанд дод. Яъне, роҳи демократия ба ӯ манфур аст, гарчанде тӯтивор аз демукросӣ мегӯяд.

ҶИҲОД? 
Кӣ омода аст, ки аз паси ӯ бархезад ва гӯш ба фатвояш диҳад? Романтикаи ҷиҳод вақте мурд, ки муҷоҳидон ё кушта шуданд ва ё зиндон хонаи онон гашт. Аммо касе ёд аз онҳо накард. Зану фарзандонашон хору залил гаштанд.

Боз ҳам мемонад тиҷорати сиёсӣ. Барои он ки молу колои кирмзадааш ба савдо равад, ӯ танҳо ба реклому пиари худ машғул асту бас. Ҳама ин саҳнасозиҳо, эътилофҳо, филмбардориҳо танҳо ба ҳамин хотир аст.

Ҳар касе заррае бӯ аз сиёсат бурдааст медонад, ки ҳеҷ гоҳ Кабирӣ ба ҳукумат соҳиб намешавад. Он фасона дигар куҳна гашт. Аммо Кабирӣ мағзи ҷавононро хароб мекунад ва заминаро барои пайдо гаштани толибони галстукдор дар сарзамини мо поягузорӣ мекунад. Он гоҳ ҳам хушк месӯзаду ҳам тар!
9. ҲУСНИ МАҚТАЪ

Портрети Кабирӣ бофтаю сохтаи журналистони худбохта ва коршиносони фурӯхташуда аст. Агар рангу борашро бишӯем, каззоберо хоҳем дид, ки мехоҳад ба ҳама дар зери барфу жола каванда бипӯшонад ва худ аз паси панҷара ба онон бинигарад. Бо ҳамон табассуми сохта, муғамбирона ва мулоимхунукона...

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1385
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3723
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8175
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23390
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38622
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91548
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1429870

Мо дар Фейсбук