Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муҳтарам гулистониён!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо тамоми тоҷикистониён барои таҷлили 30-юмин солгарди он камари ҳиммат маҳкам бастаанд, мо имкон пайдо кардем, то ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҷлил намоем. Дар ин замина имрӯз, яъне 15-уми июни соли 2018-ум, мардуми кишвари азизамон дар асоси солшумории ҳиҷрӣ иди саиди Рамазонро бо қалбу рӯҳи пок, бо дилу нияти нек истиқбол мегиранд.

Моҳи Шарифи Рамазон – моҳи саршори имон ва меҳр, хайру сахо ва мащфирати гуноҳҳо ба охир расид. Ба ин муносибат ҳамаи Шумоёнро ба иди саиди Фитр самимона муборакбод менамоям. Ба ҳар яки Шумо ва хонадонатон сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рӯзгор, имону инсоф ва комёбиҳо таманно менамоям.

Қабл аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқоти пурмуҳтаво доир намуда, дар ҳошияи он ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Яке аз масъалаҳои асосии суханронии Пешвои миллат ин оид ба пос доштани арзишҳои динӣ, шинохти моҳият ва фазилатҳои рӯзадорӣ ва моҳи шарифи Рамазон, талқини хайру саховатмандӣ ва риояи фарҳанги сириштакорӣ бахшида шуданд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки :

«Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад».

Дар ҳақиқат, моҳи шарифи Рамазон моҳи ихлосу сипос, меҳру муҳаббат, моҳи худшиносиву худошиносӣ буда, инсонро ба росткорию ростгӯӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, ба сабру қаноат ва ба иттифоқу муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват менамояд. Дар ин моҳи Шариф ҳамаи мо бо нияти холис аз сидқи дил барои тинҷиву амонӣ, ободонии диёр меҳнат кардем, тоату ибодат ба ҷо овардем. Ин моҳи муборак на танҳо ҳисси худоҷӯию инсоф, инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии моро афзун сохт, балки ба саломатии мо, сиҳатии рӯҳу ҷисми мо, офияти маънавии мо низ манфиати бешумор ато намуд.

Дар шароити имрӯза фазои динии аксари кишварҳои олам, бахусус як қатор мамлакатҳои мусулмониро ҷангу набардҳои даҳшатбор, кирдорҳои нафратовари экстремистиву террористӣ фаро гирифтаанд ва дар натиҷаи чунин аъмоли фоҷиабор ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар аз хонаву кошона ва ватани худ маҳрум гардида, ба фирориёни иҷборӣ табдил ёфтаанд.

Гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ мехоҳанд авзои ҷомеаи муосирро ноором ва суботи кишварҳои оламро халалдор созанд.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри Рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки  дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.

Дар охир бори дигар ҳамагонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Рамазон муборак бошад, дӯстони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2249
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3055
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20459
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18337
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54902
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:59292
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1267899

Мо дар Фейсбук