13 Октябр 2026
Имрӯз, 13.10.2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои нуҳмоҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов иштирок доштанд.
Ҳамчунин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кори маҷлиссро оғоз намуд.
Доир ба натиҷаҳои нуҳмоҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳадафманд ва чорабиниҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 284,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 102,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,1 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 98,7 миллион сомонӣ буда, 109,8 миллион сомонӣ ё ин ки 111,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 11,0 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 фаъолияти мунтазами истеҳсолӣ намуда, ба маблағи 5 миллиарду 269,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 145,2% фоиз ва ё 1 миллиарду 697,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 96,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,6 фоизи он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст.
Дар шаҳр 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебарад, ки аз ин шумора 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 10322 нафар хонанда мебошанд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон айни замон, 592 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Гулистон 11 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 1 адад кӯдакистони хусусӣ ва 10 адад кӯдакистонҳои давлатӣ. Шумораи умумии кӯдакон 2087 нафар мебошад.
Аз 582 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 419 нафар, аз ҷумла 248 нафар духтарон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки 72,0%-ро ташкил медиҳад.
Дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии хонандагон 1 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 7 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 139 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 58 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 27 толори варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Варзишгарони шаҳр дар нуҳмоҳи соли 2026, дар маҷмўъ соҳиби 666 медал гардиданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба шаҳри сайёҳии Гулистон 3473 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 21677 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу табобатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 25150 нафар истироҳат намуданд.
Ҳамчунин, доир ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ маълумот дода шуд.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи соли равон аз мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва роҳбарони корхонаҳо пурсиш ба амал овард.
Сипас, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фирӯз Комилов доир ба фаъолитяти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр дар ин давра изҳори назар намуд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баҳри фаъолияти пурсамару бонизом ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.






















