Матни равон

Имрӯз, 2-юми июни соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳр Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” - ба муносибати ба Ватан овардани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор карда шуд.

Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори конференсия Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, расиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Каромат Қосимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад бо ташаббус ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд.

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи қисмате аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат иштирок намуданд.

Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули хоки рамзӣ таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.

Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз хизматҳои таърихии фарзандони фарзонаи Ватан мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиста қарор гирифта, ном ва корномаи онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқату фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.

Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи шахсиятҳое буданд, ки барои таъсиси давлатдории тоҷикон дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне зиндагӣ мекарданд, ки ҳастии миллати тоҷик зери хатар қарор дошт. Дар оғози асри ХХ масъалаи тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро муайян мекард. Дар ҳамин шароит ин фарзандони миллат барои исботи ҳаққи тоҷикон ба давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мубориза бурданд. Онҳо медонистанд, ки агар тоҷикон соҳиби давлат нашаванд, хатари аз байн рафтани миллат ва фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикӣ вуҷуд дорад.

Дар чунин шароит пос доштани хотираи онҳо аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Давлате, ки қаҳрамонони худро гиромӣ медорад, ба шаҳрвандони худ сабақи ватандӯстӣ ва худшиносӣ медиҳад. Маросими гирифтани хок аз қабри ин шахсиятҳо ҳамчун рамзи бозгашт ба решаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муборизаи онҳо маънои амиқ дорад.

Дар баробари Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур номи Нисор Муҳаммад низ барои миллати тоҷик арзиши бузурги маънавӣ дорад. Ӯ аз ҷумлаи фарзандони содиқ ва бедордили миллат буд, ки умри худро ба хизмати мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа бахшидааст.

Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад.

Инчунин, порчаи мустанади “Ту бар таърих пирӯз омадӣ” манзури иштирокчиён карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5582
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4188
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16126
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15465
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:16126
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9575808

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?