16 Май 2026
Дар остонаи таҷлили Ҷашни муқаддасу таърихии кишвар — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, набзи созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Гулистон бо суръати баланд идома дорад.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар маркази шаҳр бо рафти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шинос гардид. Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ натанҳо мушкилоти манзили сокинонро осон мекунад, балки ба намои меъмории шаҳр намуди муосиру зебо мебахшад. Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи бино аз наздик шинос шуда, барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва тибқи нақшаи муайяншуда ба охир расонидани корҳо ба масъулин таъкид намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бомаром ҷараён гирифта, тибқи нақша дар вақти муайяншуда ба истифода дода шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёд ва таъмиру навсозии 280 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 282 адад иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шуд ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.





















