Матни равон

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода санаи 5 майи соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон суҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова ва раиси ҷамоати шаҳрак Мушарраф Охунова баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои саҳми тоҷикон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда шуд.

Зикр карда шуд, ки Рўзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният, ғалаба бар фашизм 81 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштаи чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ватандӯстони тоҷик (аз онҳо 78 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд), дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоати мардонагӣ нишон дода 92 ҳазор нафарашон (аз онҳо 30 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд ) дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. 44 ҳазору 957 нафар (асосан калонсолон) барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир (Свердловск, Чилябенск, Новосибирск, Татаристон ва дигарҳо) фаъолият мекард, сафарбар шуда буданд ва бо меҳнати шуҷоатноки худ ба ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳм гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Баҳри хидматҳои шоён 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба Унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (15 нафарашон аз вилояти Суғд) сазовор шуданд.

Таблиғотчиён доир ба аҳамияти Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба, саҳми меҳнаткашони ақибгоҳ ва дигар ҷанбаъҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маълумот доданд.

Сипас, таблиғотчиён дар маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи ёдбуд иштирок намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2874
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2841
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20351
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:33482
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34439
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9487916

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?