17 Май 2024
Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгириИ ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои ҳудуди шаҳр аз тарафи кормандони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ва ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр вусъат бахшида шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №8, №14 ва гимназияи №1-и шаҳр бо иштироки омӯзгорон ва хонандагон доир ба ин масъала мулоқот доир гардид. Дар назди иштирокчиён сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев ва намояндаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Рухшона Содиқзода суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки бинобар сабаби гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта мешаванд. Мутассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби бе масъулитии падару модар, омӯзгорон, ҳолатҳои мастӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Ба ҳозирин тавсия дода шуд, ки ҳангоми оббозӣ дар обутобгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» ва ҳавзҳои обии шаҳр талаботи бехатариро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо ва дигар ҷойҳои хатарнок вориди об нагарданд.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт.