Забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ аст ва он дар тӯли таърих барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин таъкид бояд кард, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли паррандаи бе болу парест, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Бо таъбири Сарвари давлат «Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанг аст».
Бо ёдоварӣ аз аҳамияти таърихӣ ва ҳаётии забон Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки «хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем».
Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон буда, насли наврас ва шаҳрвандони маърифатпарварро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят намоем.






Маҳфили навбатии «Оилаи тифоқ» дар шаҳрак баргузор шуд. Муслимахон Исоқова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр оид ба муқаддасоти оила, пойдории он, пешгирии никоҳи бармаҳал ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳарф зад. Оилаҳои Ҷумъаевҳо, Ахмедовҳо ва Қосимовҳо аз ҳаёти тӯлонии якҷоя, роҳҳои дурусти тарбияи фарзанд ва муоширати боэҳтиромона байни аъзоёни оила ба иштирокдорони чорабинӣ нақлҳои муфид намуданд.















