Матни равон

Қайроққум: нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷроАз номи сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи ҶТ, генерал-майор З.Шарифзода ба унвонии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода номаи сипос расид. Барои пеш аз муҳлат иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 сентябри соли 2015, №567 ба тасвиб расида буд миннатдории бепоён дар сипоснома баён доштааст.

Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли ҷорӣ 100 дарсад иҷро гардида бошад ҳам, то кунун гусели ихтиёриён бо низоми муайян идома дорад. Бино бар шарҳи комиссари ҳарбӣ Бомурод Холмуродов маъракаи даъват дар маркази шаҳр ва Ҷамоати шаҳракҳои Консой, Зарнисор, Сирдарё нисбатан хуб ба роҳ монда шуд ва саҳми онон дар иҷрои нақша назаррас аст.

-Аз рӯзи аввал маъракаи даъват муташаккилона оғоз ёфт, - гуфт зимни суҳбат ба мо комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Бомурод Холмуродов ва афзуд: - Бояд гуфт, ки сол аз сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизматраванда меафзояд. Теъдоди чунин ҷавонон дар мавсими тирамоҳи имсола хеле зиёд гардидааст.

Имрӯзҳо дар Ватани соҳибистиқлоламон тибқи Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон даъвати тирамоҳонаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Чи тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, солҳои охир бештари ҷавонон бо амри дил ба хизмати Ватан – Модар мераванд, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад.

Агар сулҳу амонӣ, дӯстиву бародарӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ дар Ватани мо пойдору мустаҳкам бошад, марзу буми кишвар таҳти ҳимоя ва нигаҳбонӣ қарор гирад, саодату хушбахтии халқи тоҷик абадан боқӣ мемонад. Ҳақ ба ҷониби ҷавонони бонангу ор, ки мегӯянд:

Барои Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чи гӯяд адо мекунем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:740
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3242
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:740
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21355
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38499
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81381
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2219380

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?