Матни равон

Мувофиқи нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Президент ситоди махсус барои тафтиши вазъи тирамоҳу зимистонгузаронии ташкилоту муассисаҳо ташкил гардид.

Аз ҷумла, аъзои ситоди мазкур бо роҳбарии Илёс Юнусов ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, дар толори хурди МИҲД-и шаҳр бо масъулин ва аъзои ситоди шаҳрӣ дидорбинӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохўрӣ муовини Раиси шаҳр Ғ.Оқилзода таъкид намуд, ки муассисаҳои иҷтимоии шаҳр барои гузаронидани тирамоҳу зимистони соли 2017-2018 пурра омода буда, дар ин замина ягон мушкилот вуҷуд надорад.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Боғи намунавии интенсивии ба номи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” оғоз гардид.

Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди Хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шудааст. Бо таъсиси боғи нав беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Дирӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шуд.

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.

Устодони арҷманд!

Муаллимони гиромӣ!

Пешаи наҷиби омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1806
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2418
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1806
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:30365
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7762755

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?