Матни равон

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла, омадааст:

Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони туҳмату буҳтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел нороҳат намудааст, ки  ӯ  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шаҳри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  - як гурӯҳ сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзеҳ диҳем.

Баъди иншои нома  гурӯҳи мазкур банда - Юлдошев Илҳом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба Ҷаноби сафир расонам. Онҳо бароям роҳпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рӯзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шаҳри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигоҳ накарда,  соати 14.00  ба Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хоҳиш кардам, ки ба Ҷаноби сафир хоҳиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохӯриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурӯҳи сокинони шаҳри Истаравшан ба Ҷаноби сафир    номае дорам, ки тибқи хоҳиши аксарият  онро бояд  шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изҳор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф ҳастанд ва Шумо    бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон  мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»...

Рузи 15-уми октябри соли равон дар Боғи «24-солагии Истиқлолият»-и маркази шаҳр Иди Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар ин рӯзи иди кишварзон муассисаҳои таълимии № 1, 8, 14 ва гимназияи ба номи Бобоҷон Ғафуров намоиши маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошои сокинон гузошта, дастпарварони мактаби рассомии шаҳр байни худ озмуни раскаши дар мавзуи «Тирмоҳи зарнигор» ташкил намуда, деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибкорони маркази шаҳр ва шаҳраки Адрасмон фурўши маҳсулоти кишоварзи ба роҳ монда, ҷомеаҳои меҳнатии МГД Коллеҷи тибби, муассисаи варзишӣ, шабакаҳои барқи Гулистон ва МТМУ № 14 оши хайриви ба кишри эхтиёҷманди аҳоли дода, озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир» гузаронида шуданд. Ҳамзамон, варзишгарони гулистони мусобиқаи намуди варзиши миллии гуштингириро намоиш доданд.

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол” давраи шаҳрии Фестивали «Атласу адраси Суғд-2017» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо, бонувону гулдухтарони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Беш аз 66 нафар иштирокчиёни фестивал-озмун аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси миллии қадима, либоси миллии кӯдакона, либоси миллии расмӣ, либоси миллии идона ва либоси миллии арӯсона маҳорати муаррифии либосҳои аз атласу адрас омода кардаи худро намоиш доданд.

Бахшида ба Рӯзи куҳансолон бо супориши Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода беш аз 15 нафар куҳансолони маркази шаҳр бо дастрас намудани кумаки яквақтинаи моддӣ аёдат карда шуданд.

Самадов Воҳид, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисбати ғамхории пайвастаи Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон ба пирону куҳансолон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар ин раванд фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хеле назаррас мебошад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1842
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2418
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1842
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:30401
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7762791

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?