3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад.