Матни равон

 

Сомонаи «паём.нет», ки минбари ифротиҳост, изҳороти беасосро дар бораи манъ намудани ҳиҷоб ва рӯсарӣ паҳн намудааст. Аз номи ҷамъияте бо номи «Нур», ки хилофи номаш дар ҷомеа торикиву зулмотро ривоҷ медиҳад, дар байни мардум либоси бегонаро таблиғ мекунад, мавқеъгирии беасосро ҳамчун меъёрии калидии либоспӯшӣ, қарор додааст.

Аз рӯйи маълумоте ки мухбиронамон расонданд, ин ҷамъият мансуби хешутабори собиқ раҳбари ҳизби террористӣ мебошад, сабқатро барои раҳбарӣ бо авлоди фитнагари «ал-файзободӣ» бохта, «айби Исоро аз Мӯсо мегирад».

Ҳиҷобхоҳони бемаънӣ, ки ранги сиёҳро дар фарҳанги миллӣ пиёда карданӣ ҳастанд, бо муқобилати ҳавохоҳони масири миллӣ ва либоси асили  миллӣ ру ба рӯ шудаанд. Ин беимонҳо миллатро сиёҳпӯш ва Ватанро мотамсаро карданӣ ҳастанд, ки хокашон ба хок хӯрда, рӯз то рӯз бо диди васеъ ва дили васеъ, занону модарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш шудаанд. Кӯчабоғҳои Душанбе ба гулзори либосҳои ранг ба рангу зебои миллӣ оростааст, касро аз дидани ҳама ин зебоиҳо фараҳ мебахшад.

Шаҳри Гулистонро на танҳо чун маркази саноатӣ, балки зодбуми мардуми соҳибҳунар ҳам мешиносанд. Дар баробари ин, онро шаҳри сайёҳӣ низ меноманд, зеро соҳили “Баҳри тоҷик” барои истироҳату фароғат беҳтарин мавзеъ шинохта мешавад. Воқеан ҳам, Гулистон боғистони сарсабзу хуррамро мемонад.

Зимни суҳбат Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, иброз дошт, ки баҳри пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 180 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз қабили корхонаҳои тавлидотӣ, хизматрасонӣ, мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ, беморхонаҳо, майдончаҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, кашидани хатҳои обу барқ таъмири ҷорию асосии роҳҳо, ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод, 36 иншоот ба истифода дода шуда, дар дигар объектҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ сехи истеҳсоли риштаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” бунёд ёфт, ки 70 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Ин имкон медиҳад, ки 50 дарсади ашёи хом бевосита дар корхона истеҳсол шавад.

Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ сокинони шаҳр, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо аҳлона ширкат варзида, муҳити зист, атрофи идораву муассисаҳои худро тозаву озода намуда, ҳамзамон дар ҳашари шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ муташаккилона иштирок намуданд.

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид.

Иҷлосия бо танинандозии Суруди Миллӣ ифтитоҳ ёфт. Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Доир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12-уми декабри соли 2018, № 1159 “Дар бораи аз вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод намудани Сатториён Матлубахон Амонзода” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2018, № 1160 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс” иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул кард.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1548
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8469
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22054
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26388
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70609
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:133760
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10016099

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?