11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “AKIA ULTRA LE8” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.
Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.






11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, новобаста аз шакли моликияташ, дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо бояд китобхонаҳо ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, дар ҳамин замина дастур дода буд, ки дар як сол қироати на кам аз 5 асари бадеӣ барои ҳар як хизматчии давлатӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид.












