Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод. Зикр карда шуд, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 – дар ин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.






Табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ» Каримзода Рустам Раҳим аз вазифаи муовини раиси вилояти Суғд озод ва Назирӣ Зариф Вализода муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.














