Матни равон

Имрӯзҳо ҳизбҳои террористӣ ором нанишаста барои ноором сохтани ҷомеаи муосири ҷаҳон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд. ДИИШ ва дастпарварони онҳо барои ноором сохтани ҷомеаи кишварҳои Осиёи Миёна чашм ало кардаанд. Яке аз дастпарварони онҳо роҳбари гурӯҳи террористӣ – экстремистӣ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба ҳисоб меравад, ки барои ноором сохтани ҷомеаи тинҷи тоҷикон аз ҳама гунна усулу нишондодҳои хоҷагони пулдорашон, оромиву осоиштагии моро вайрон кардан мехоҳад. Бубинед он амале, ки онҳо дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ташкил кардаанд аз ҷумла дар вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат карданд. Ана акнун ҳуҷуми хабисонаашон ба дидбонгоҳи сарҳадӣ.

Боз  ҳизби террористи экстремистии  ҲНИ -  имрӯз дар қаламрави кишварамон амалҳои номатлуби худро бо дасти чанд гумроҳзадагону зархаридашон амалӣ карда истодаанд.

Наҳзатиҳо имрӯзҳо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом ва озодиву демократия  номеро ба гурӯҳи худ гузоштаанд, ки Паймони хиёнатпешагон аст.  Якчанд хоинони миллат, ки на касб доранду на шуғли дуруст чӣ гуна дар хориҷи кишвар соҳиби толору маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаву конфронсҳояшон  мегарданд?    Ин муаммоест, ки мо бояд ба он дуруст баҳо диҳем. Албатта, ин нохалафонро хоҷагони пулдорашон дастгириву пуштибонӣ мекунанд. Чун Кабирӣ медонад, ки сӯйистифодаи дини мубини ислом дар замоне, ки мардуми кишвар бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо тарҷумаи китоби муқаддаси “Қуръони карим”, дигар адабиёти диниву мазҳабӣ ва гиромидошти хотираи неки пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам (раҳ.) аз арзишҳои динӣ бохабар гаштанд ва дигар мардумро бо омезиш додани андешаву омоли нопокашон ба сураву оятҳои ба ном динӣ гумроҳ карда наметавонанд ва ҳамзамон бо мақсади бори дигар дар Аврупо пайдо намудани хоҷагон номи ташкилоташонро дигар намуданд. Акнун пеш аз маъракаҳои сиёсӣ мехоҳанд вазъи ҷумҳурии орому осоиштаро ба ҷодаи фитнаву дасисаҳои худашон кашанд.

Онҳо фикр мекунанд, ки мафкураи мардуми тоҷик ҳоло ҳам дар солҳои 90 – уми асри гузашта қарор дорад. Не! Онҳо куллан хато карда истодаанд мо сокинони садоқатманди даврони истиқлолият зидди ин ақидаҳои номатлуби наҳзатиёни ватанфурӯш буда, амалҳои ватанфурӯшонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем. Барои мубориза бурдан бар зидди ин гуна ташкилотҳо ҳамаҷониба мубориза мебарем  ва намегузорем, ки ҷомеаи тинҷиву оромии мардуми тоҷикро халалдор кунанд. Бояд бо ободу хуррамсозии Ватани соҳибистиқлол, итттиҳоду ягонагӣ зарбаи обдоре бар ин гуна демократиясозони навбаромад, ки аъмолашон ҷангҷӯиву харобкорӣ аст, бизанем.

Муслимахон Ҷамолиён
Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1045
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18068
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71621
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7713541

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?