11 Июл 2026
Санаи 7 августи соли 2026 дар Кохи фарҳанги "Истиқлол"-и маркази шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода маросими ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии ғолибону ҷоизадорон, муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва омӯзгорони онҳоро барои барои ба даст овардани ининишондодҳо таҳният гуфта, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса равона намудааст.
Дар доираи чорабинӣ як қатор омӯзгорон, хонандагон ва муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон барои нишон додани натиҷаҳои баланд ва иштироки фаъол дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадршиносӣ гардиданд.
Аз ҷумла, 8 нафар хонанда — ғолибони даври ҷумҳуриявӣ, 8 нафар омӯзгор — ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, 18 нафар хонанда — ғолибон ва ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии AMC, 17 нафар хонанда — ғолибон ва ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии JEO-SEO.
Бо назардошти нишондиҳандаҳои бадастоварда, МТМУ №8-и шаҳри Гулистон ҳамчун «Муассисаи беҳтарин» қадршиносӣ гардид.
Ҳамзамон, муассисаҳои таълимии зерин ба қатори панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии шаҳр шомил гардиданд: МТМУ №10, МТМУ №7, МТМУ №8, МТМУ №13 ва МТМУ №14.
Инчунин, барои иштироки фаъол ва нишон додани натиҷаҳои назаррас дар озмунҳои варзишӣ муассисаҳои таълимии МТМУ №2, МТМУ №3, МТМУ №4, МТМУ №5 қадршиносӣ гардиданд.
Натиҷаҳои мазкур аз таваҷҷуҳи пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба рушди соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорону хонандагони болаёқат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун шаҳодат медиҳанд.





















