Матни равон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санаи 8 июли соли 2026 маҷлиси ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2026 доир гардид, ки дар он нишондиҳандаҳои фаъолияти сиёсию ташкилии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва вазифаҳо барои давраи минбаъда мавриди таҳлили ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори маҷлис муовини раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Азиза Мирзохоҷаева, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои кумиҷроияи шаҳрӣ, собиқадорони соҳа ва намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:

1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои фаъолияти минбаъда”;

2. Оид ба натиҷагирии фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба таҷлили сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани “Вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”;

3. Тасдиқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои нимсолаи дуюми соли 2026;

4. Вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати муаррафии ташаббуси навбатии Пешвои миллат – “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036”;

5. Гузориш доир ба иҷрои маъракаи Обуна - 2027 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”

6. Масъалаҳои ташкилӣ;

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов оғоз намуд, доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи кумита дар шаш моҳи аввали соли 2026 гузориши муфассали таҳлилиро пешниҳод намуд.

Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Азиза Мирзохоҷаева доир ба фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ изҳори назар намуд.

Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, муовини роҳбари гуруҳи вакилӣ доир ба натиҷагирии фаъолияти гуруҳҳои вакилии ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш манзур намуд. Ин ташаббусҳо дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» амалӣ мешаванд. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тамоми неруи худро барои ободонии маҳаллаҳо ва рушди инфрасохтори шаҳр сафарбар хоҳад кард.

Ҳамчунин, нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроия барои нимсолаи дуюми соли 2026 тасдиқ гардида, ба масъалаи таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ ва рафти қабули аъзо ба сафи ҳизб таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Маърузачиён ва иштирокчиёни музокира зимни баромадҳои худ ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати муаррифии ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат — «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Қайд карда шуд, ки ин ташаббус бори дигар нақши калидии Тоҷикистонро дар сиёсати ҷаҳонии сулҳхоҳӣ нишон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, омодагии ҳамаҷонибаи ташкилотҳои ибтидоӣ ба чорабиниҳои умумишаҳрии омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти саривақтии обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» муҳокима шуда, сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки корҳоро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1152
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15466
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:34260
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42934
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9708694

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?