Матни равон

Санаи 8- уми июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи якуми соли 2026 доир гардид. Дар кори ҷаласа директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис муовини аввали Раиси шаҳри Гулистон оид ба соҳаҳои иқтисодӣ Даврон Муҳаммадзода ҳисоботи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба саҳми ҳозирин расонид. Натиҷаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, зимни суханронӣ зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, дар аксари самтҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои мусбат ба даст омада истодаанд.

Инчунин аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода махсус қайд гардид, ки рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонӣ дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Зимни суханронӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ баҳои мусбат дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини иҷрои босифати нақшаҳо ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳо тавсияҳои судманд ироа намуд.

Дар анҷоми ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ фаъолияти шашмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистонро таҳлил намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳр

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1161
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15475
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:34260
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42943
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9708703

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?