01 Июл 2026
Имрӯз мутобиқи нақшаи тасдиқгардида соати 10:00 дар толори КИҲХДТ дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур сокинони шаҳри Гулистон кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар фазои ободу озоди иттилоотӣ, тарғиботӣ, тарбиявию ахлоқӣ баргузор гардида, ҳозирин зимни суханрониҳои Раиси шаҳр вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода маънавиёт ғанӣ бардошт намуданд.
Илҳом Пӯлотзода дар баромади худ махсус таъкид намуданд, ки теъдоди ҷавонон дар ҳудуди шаҳр аз руйи маълумоти оморӣ 14 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад, ки он 28,8 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.
Вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки нисбат ба тарбияи ҷавонон боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши таъсири фазои маҷозӣ дар баробари имкониятҳои нав, инчунин хатарҳои ҷиддиро низ ба миён овардаанд.
Яке аз чунин хатарҳо фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мебошад. Ин гурӯҳҳо имрӯз бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, бо роҳҳои гуногун кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавононро фиреб дода, ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.
Инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода ба интихобкунандагони худ муроҷиат намуданд, ки бояд ҳар як ҷавон хуб дарк намояд, ки терроризм ва экстремизм душмани сулҳу субот, пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум мебошанд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони шаҳри Гулистон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, корҳои ихтиёрӣ ва ташаббусҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол доранд. Вазифаи мо дастгирии чунин ҷавонон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, варзиш ва фаъолияти фарҳангӣ мебошад, то ки онҳо нерӯи худро барои пешрафти Ватан равона созанд.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки амният, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин неъматҳои бузург масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.





















