23 Май 2026
Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон ҷавонони дорои имконияти маҳдудро аёдат намуд.
Зимни мулоқот бо Зуҳро Очилова роҳбари вилоят таъкид кард, ки шахсони танҳо, ятимону беморон ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Ба номбурда аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, Раиси вилоят бо аҳволи Меҳрангез Ҷӯраева шинос гардида, ӯро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Меҳрангез Ҷӯраева аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори хушнудӣ кард.
Раҷаб Аҳмадзода ба ҷавонон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу намуда, зикр кард, ки дастгирии ҷавонон ва қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.






















