Матни равон

Санаи 5-уми майи соли 2026 раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода бо ҳайати футболбозони дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, сарпарасти соҳа, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармураббии даста Фаррух Ниёзов ва сармоягузорон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ бозигарони даста иштирок доштанд.

Илҳом Пӯлотзода нахуст ҳайати дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистонро барои ба даст овардани Суперҷоми вилояти Суғд ва оғози мавсими нави Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол муборак бод гуфта, барояшон дар ҳимояи шарафи дастаи футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, аз таърихи ташаккулёбии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дар идома таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд кардани футболи ватанӣ ва бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби СММ бо қатъномаи махсус қабул гардидани "Рӯзи ҷаҳонии футбол" - 25 май ёдовар шуд.

Ҳамчунин, доир ба рушди футбол дар шаҳри Гулистон ва фароҳам овардани шароити мусоид, таъмиру азнавсозии варзишгоҳҳо таъкид карда шуд.

Дар назди масъулин ва ҳайати даста барои ба даст овардани ҷоизаҳо, роҳ ёфтан ба Лигаи якуми футболи кишвар вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Сармураббии даста, Фаррух Ниёзов изҳор намуд, ки даста барои иҷрои супоришҳои раиси Федератсияи футболи шаҳр ва ба даст овардани ҷоизаҳо дар ин мавсим талош меварзад.

Дар фарҷом ба сарпарастони даста туҳфаҳои хотиравӣ ва нишони рамзии даста тақдим карда шуд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2874
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2841
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20351
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:33482
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34439
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9487916

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?