Матни равон

Имрӯз, 07.05.2025 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлиси васеи соҳаи тандурустии шаҳр бо иштироки роҳбарон ва кормандони соҳа баргузор гардид. Дар маҷлис муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа иштирок намуд.

Роҳбари маркази саломатии шаҳр Ҷонибек Ҳомидҷонов кори маҷлисро оғоз намуд. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Иброҳим Иброҳимов доир ба фаъолияти соҳа дар се моҳи соли 2025 ҳисобот манзур намуд. Зикр карда шуд, ки дар шаҳр 33 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Аз ҷумла 7 маркази саломатӣ, 6 беморхона, 5 осоишгоҳ, 3 бунгоҳи тибббӣ, 1 маркази давлатии назорати санитарию эпидимиологӣ, 1 адад умури безараргардонӣ, маркази ташхисиву табобатии Закариёи Розӣ, маркази тиббии хусусии “Сино”, 6 маркази махсусгардонидашуда, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷҷи тиббии шаҳри Гулистон”.

Теъдоди табибон 93 нафар ва кормандони миёнаи тиб 344 нафар мебошад. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр як нафар номзади илми тиб, 16 нафар дорандагони нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2 нафар дорандаи медали шафқат ва 1 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста” фаъолият мебаранд.

Муассисаҳои тиббии шаҳр бо мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ва бо назардошти дар синну соли нафақа будан ба 12 нафар, эҳтиёҷ доранд.

Шумораи умумии гирифторони вируси норасоии масунияти одам 159 нафарро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳолат ба қайд гирифта шуд. Аз теъдоди умумии сироятёфтагон 66 нафар фавтидаанд, ки 41,5%-ро ташкил медиҳад. 93 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд ва аз онҳо 86 нафар муолиҷаи антиретровирусӣ мегиранд.

Шумораи катҳои сохтори госпиталии шаҳр 375 адад буда, ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 1409 нафар бемор қабул карда шуд, ки нисбатти ҳамин давраи соли гузашта 94 нафар кам мебошад. Иҷрои нақшаи рӯзи катҳо 49,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7% кам мебошад.

Дар ин давра 6 бемори сили фаъол ба қайд гирифта шуда, дар умум 53 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

Дар ин давра бемороне, ки дар натиҷаи газидан ё харошидани ҳайвонот муроҷиат кардаанд 10-нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар кам мебошад.

Дар ин давра 11 ҳолати гепатити А (соли 2024-10 адад), дорандаи гепатити Б – 1 адад (соли 2024-2 нафар) ба қайд гирифта шуда, дорандаи гепатити С ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, намояндаи маркази саломатии шаҳр доир ба фаъолияти муассисаҳои шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр гузориш манзур намуд.

Сипас, муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр натиҷагирӣ намуда, доир ба тақвияти корҳо дар самти дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии амалкунанда, хизматрасонии баландсифати тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бештар ба роҳ мондани гардиши хона ба хона ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2474
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11882
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:25438
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8619019

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?