05 Май 2025
Имрӯз, 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шурои навбатии занону духтарони шаҳр бо иштироки аъзои Шуро, раисони шуроҳои ташкилоту муассисаҳо ва бонувони фаъоли шаҳр доир гардид.
Дар кори Шуро муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи кории рӯзномаи Шуро нахуст ҳисоботи чаҳормоҳаи фаъолияти Шуро аз ҷониби мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова манзур карда шуд. Доир ба масъалаи мазкур раисони шурои занони шуъбаи маорифи шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ ва МТМУ №14 Муборак Ҳамробоева ба музокира баромаданд.
Аз рӯйи масалаи дуюм раиси Шурои занони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё Маҳбуба Юсупова доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ суханронӣ намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз фаъолияти Шуро натиҷагирӣ намуда, барои тақвияти фаъолияти Шуро, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, бештар ба роҳ мондани вохӯриву суҳбат бо занон дар назди аъзои Шуро вазифаҳо гузошт.