Матни равон

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола санаи 22 декабр Рӯзи касби энергетикҳо таҷлил карда мешавад.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои як қатор фаъолони соҳа санаи 22 декабр дар толори шабакаҳои барқи шаҳри Гулистон ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар кори ҷамъомад муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода,  кормандони воҳидҳои сохторӣ ва дигар касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб ба инкишоф ва рушди соҳаи энергетика аҳамияти махсус дода шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар мамлакат эълон гардид. Дар доираи татбиқи ин ҳадаф саҳму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва азнавсозии неругоҳҳои хурду бузург баёнгари он аст ки,  соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои пурмаҳсули кишварамон ба ҳисоб меравад.

Чунин дастгириҳои пайваста кормандони соҳаро водор месозад, ки ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру тармим ва таъмини гармиву рӯшноӣ ба ҳар як хонадони кишвар саъю кӯшиш намоянд.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2776
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:33475
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18843
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14081
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:67708
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9467558

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?