Матни равон

Муҳтарам кормандони мақомоти молияи шаҳр!

Ҳамасола санаи 7-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия дар кишварамон таҷлил мегардад. Шумо кормандони Раёсати молияи шаҳрро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, бароятон солимӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои тоза ба тоза таманно дорам.

Ҳанӯз дар даврони Сомониён низоми молиявӣ ташкил ва рушд ёфта, дар даврони сулолаи ориёӣ низоми ташаккули идоракунии захираҳои молиявӣ ва усулҳои пешқадами муомилоти пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтанд. Дар даврони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рушд карда, мавриди истифода қарор гирифт.

Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сохтори муташаккилу бонизоми молия ба фаъолият шурӯъ намуд. 7 декабри соли 1924 Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 июни 1993 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ҳамчун сохтори алоҳида ба фаъолият пардохт.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва ташаккул ёфтааст. Яке аз падидаҳои асосии ин низом барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ, пеш бурдани сиёсати пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, шаффофӣ ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шуд.

Дар солҳои охир таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти молияи кишвар ба таври густурда рушд намуда истодааст, ки дар ин миён шаҳри Гулистон истисно нест. Кормандон ва масъулини Раёсати молияи шаҳр баҳри таъмин намудани иҷрои буҷети шаҳр тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

Бори дигар шуморо самимона бо иди касбиатон таҳният намуда, бароятон пирӯзиву саодатмандӣ таманно менамям. Умедворам, ки шумо тамоми донишу малакаи худро ба харҷ дода, барои пешрафту гул-гул шукуфии кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоед.

Иди касбӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:28
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20009
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49974
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691894

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?