Матни равон

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар яке аз суханроинашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо баъзе ашхос, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳҳои террористӣ таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ монданд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо соддалавҳона дода мешаванд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро дар мафкураи ҷавонон ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ  гардад.

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯза амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди  ҷиддӣ қарор додаанд.

Тасдиқи гуфтаҳои боло он аст, ки бархе аз афроди хоину бадсиришт   шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун майдони муборизаи идеологӣ ва барои “шустани майнаҳои сар” (промқвка мозгов) истифода бурда, ба ҳар роҳу воситаҳо баҳри иҷрои нақшаҳои нопоки худ ҷавонони моро ба роҳи каҷ даъват мекунанд.

Касе, ки тафаккури ифротӣ дорад, воқеаҳоро фақат дар доираи танги ҷаҳонбиниаш ташреҳ медиҳад ва тасаввуроту тахайюли бемори хешро ҳақиқат мепиндорад. Барои чунин афроди беҳувият ҳақиқат ва воқеияти ҳол муҳим нест, балки ба ҳар васила расидан ба мақсадҳои ғаразу нопоки худ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба сӯйи худ кашиданӣ мешаванд.

Дар сомонаи мамнӯъшудаи “Ислоҳ”, ки аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин идора шуда, бо муҳтавои ифротиву экстремистӣ ва зиддимиллиаш бадном шудааст, пайваста матолиберо дучор омадан мумкин аст, ки иддаои болоро собит месозад. Зеро фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, сафсатагӯиҳои зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳаки фаъолияти ин сомонаи бефурӯғу муаллифи тундраву бадахлоқашро ташкил медиҳад.

Ба ҳамагон маълумаст, ки М. Садриддин ҳамчун ғулом амру дастури хоҷагони хориҷиашро иҷро намуда, ватанфурӯш шудаву бо истифода аз овозаҳои беасос, туҳматҳои фаровон мекӯшад, ки “садоқаташ”-ро ба корфармо нишон диҳад.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба доми чунин навкарони шайтон, аъзои гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд. Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад, пояи истиқлолият ва ваҳдати миллии мо заиф мегардад.

Моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳвандро баланд бардорем, то ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонад.

Халқи тоҷик аз азал дорои таъриху фарҳанги ғанӣ буда, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтааст, аммо ҳамеша баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо намудааст. Имрӯз мебояд, ки бо панди ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсӣ, ки воқеан ҳам шиори ҳар як ҷавони бонангу номуси миллат аст, амал намуд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Неъматҷон НИМАТОВ,
мутахассиси бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3555
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15735
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49334
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691254

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?