Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокчиён расонид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кулли гулистониён ва иштирокдоронро бо ин ҷашнҳои фархунда таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо ва муваффақиятҳои пайваста таманно намуд. Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд. Алҳол дар кишвар ба масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони нобу шевои тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа кӯшишҳои судманд рӯи кор гирифта шуда истодааст.

Дар ин радиф тазаккур дода шуд, ки нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзуд. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Дар ин давра омӯзгорон рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол, беш аз 800 нафар омӯзгорон дар 27 муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 40 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳастанд.

Тибқи қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Гулистон ба собиқадори соҳаи маориф, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳр Каромат Қосимова унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, ба омӯзгорони гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳима Норматова ва Марҳабо Мадалиева унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба як қатор омӯзгорони пешқадам ва собиқадорон сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуд.

Дар интиҳо барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1814
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3008
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8852
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6973
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8751700

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?