Матни равон

Имрӯзҳо дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа падидаҳои номатлубу хатарафзо ва пур аз мушкилоту ихтилофот зуҳур кардааст. Ин ҳаракатҳо бо номҳои мухталифи ифротгароӣ, тундравӣ, террористиву экстремистӣ дар байни омма машҳур гашта, аҳолиро ба ҷунбиш овардааст.

Дар хусуси ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар ҳама шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо ва дар маҷмӯъ ВАО – и чӣ дохили кишвар ва чӣ берун аз кишвар мегӯянду менависанд.

Терроризм яке аз хатарноктарин ҳаракатҳо ба шумор рафта, бо мақсади ҷиноӣ шаҳрвандони осоиштаро метарсонанд, гаравгононро азобу шиканҷа медиҳанд, ба бисёр оилаҳои мамлакат ғаму андуҳи зиёд меоранд ва дар амалҳои террористии худ бисёр одамони бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Амали террористӣ бо мақсади тарсонидани одамони зиндамонда гузаронида мешавад.  Вазифаи асосии террористон аз тарсонидани халқ, дар онҳо бедор намудани нобоварӣ ба мамлакати худ, ба роҳбарияти мамлакат ва иҷро намудани ҳамаи талаботи ҷинояткорон мебошад.

Терроризм яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, пешгирӣ намудани хатарҳои мудҳиши онҳо барои ҷомеа вазифаи ҷонии ҳар як инсони некандеш мебошад. Бесабаб нест, ки ин нуктаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ тазаккур дода, террористро душмани халқ номидаанд ва онҳоро аз ҷумлаи ашхосе хондаанд, ки беватан, бемиллат ва бемазҳаб мебошанд.

Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои пешрафта дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад, ба масъалаҳои глобалии ҷомеа бетараф набуда, дар қатори дигар давлатҳо баҳри нест кардани решаи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мубориза мебарад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки даст ба дасти ҳам дода, ватани чун гулистон сарсабзу хуррами хешро аз таҳдидҳои шахсони бегона ҳимоя намоем. Баҳри пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаамонро гузошта, тамоми марзу буми онро чун гаҳвараки чашм муҳофизат намоем.

Парвиз Аҳмадҷонов,

директори МТМУ №4-и деҳаи Гулдараи шаҳраки Адрасмон

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:659
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2926
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6947
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22100
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39225
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8939287

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?