Матни равон

Омӯзгорони гиромӣ!

Пешаи омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиромҳо мебошад. Омӯзгор машъали  фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Мақому манзалат ва нақши омӯзгор, алалхусус дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон  ба маротиб афзудааст. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллимро «Ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он» номидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафти кори муаллим ва беҳбудии рӯзгори ӯ пайваста ғамхориҳо мекунад. Ниёгони шуҳратманди мо дар тамоми давру замонҳо муаллим, устодро ситоиш кардаанду ӯро ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии хирадманд «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст.

Хушбахтона, дар даврони соҳибихтиёрӣ омӯзгорони арҷманди мо рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол, қариб 700 нафар омӯзгорон дар 25 муассисаҳои таълимии шаҳр машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 35 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, 200 нафар муаллимони тахассуси олидор, беш аз 160 нафар омӯзгорон тахассуси якумро соҳиб мебошанд.

Таҷлили Рӯзи омӯзгор соли равон дар фазои рӯҳбахши 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки воқеан тантанаи басо пуршукӯҳи озодӣ, демократия, сулҳу ваҳдат ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ аст, сурат мегирад. Аҳли маорифи шаҳру шаҳракҳо иди касбии худро дар рӯҳияи баланди сиёсию меҳнатӣ дар роҳи иҷрои садоқатмандонаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дар ин замина вусъати тоза бахшидан дар соҳаи маориф истиқбол менамоянд.

Ҳамаи Шумо, устодони муҳтарам ва омӯзгорони гиромиро бо Рӯзи иди касбиатон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, комёбиҳо ва шукуфоии рӯзафзуни Ватани маҳбубу азизамонро таманно менамоям.

Ид муборак, устодону муаллимони иззатманд!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1636
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17983
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51582
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693502

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?