Матни равон

Дар маркази шаҳри Гулистон бахшида ба иди байналмилалилии Наврӯз дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо дар майдони маркази савдои “Пӯлодиён”-и кӯчаи асосии шаҳр бо иштироки ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо ва ҷамоати шаҳраки Сирдарё ҷамъомади ботантана доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ шодбош намуд. Зикр карда шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрӯз сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон низ бо рӯҳбаландӣ ва ифтихормандӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

 

Дар ҳақиқат, дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ ин боз яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин, маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ, эҳё ва рушди намудҳои гуногуни варзиш ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар ҳудуди шаҳр алҳол 1 мактаби варзишӣ, 45 майдончаҳои варзишӣ, 6 ҳавзҳои шиноварӣ, 9 варзишгоҳҳо, 25 толорҳои варзишӣ амал мекунанд. Бунёд ва таъмири иншооти варзишӣ аз қабили майдонҳои варзишӣ ва фароғатӣ барои кӯдакону наврасон дар маҳаллаҳо, таъмири капиталии толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳозонидани толорҳо бо таҷҳизоти варзишӣ ва ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои дастгирии молиявии варзишгарони гулистонӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун гувоҳи ғамхории рӯзафзуни соҳаи варзиш мебошанд. Ба тасвиб расидани қарори Раиси шаҳр «Дар бораи рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ» ва эълони ҳафтаи чоруми ҳар моҳ ҳамчун рӯзи тарғиби тарзи ҳаёти солим барои оммавӣ гардонидани варзиш, обутоби ҷисмонӣ ва тандурустии сокинони шаҳрамон мусоидат ва шароитҳои хуб фароҳам овардааст.

Сипас дар оғоз марафони велосипедронӣ аз назди мағозаи «Пӯлодиён» то чорраҳаи Шабакаҳои барқи Суғд доир гардид.

Баъдан дар се марҳила дави наврӯзӣ бо иштироки зиёди сокинон, аҳли ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту корхона ва идораву муассисаҳо ба вуқӯъ пайваст.

Дар майдони шуъбаи маорифи шаҳр ҷамъбасти дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ гузаронида шуда, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ диплому туҳфаҳо ва ба ҷомеаҳои меҳнатӣ сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар ҷамоати шаҳракҳо низ бо иштироки зиёди дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар ҳудуди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ба ифтихори ҷашни ҳумоюни Наврӯзи байналмилал дар рӯҳияи баланди тафохур аз Истиқлолият, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони созандагӣ ва ободкориҳо дар кишвар ҷараён гирифт.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4004
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6816
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16653
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15921
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63915
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106205
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9623597

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?