Матни равон

Дар воқеаи ахири Хоруғ ҳамаро М.Салимпул гуфт, вале чун танаффури азалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, нагуфт ки духтари Мазориев Хурсандро то сарҳади марг узви ГМҶ расонид. Нагуфт ки мудирияти волои ҳукуматдорӣ ва асолати миллист, ки боз чархбол таъмин карданд, то бемор муолиҷаи муносиб бигирад. Вале чун ба ҳадафҳои каҷманишаш рост меояд, овоза пароканд, ки ГМҶ дар Душанбе вохӯрдааст.

Душмани иттиҳоди миллист М.Салимпул. Пул мабдаъи хушии ӯст.  М.Салимпул оё ҳеч вақт фикр кардааст, ки як хатлонӣ-Пир Шоҳ Носири Хисрав, чӣ қадар дар дилу дидаи бадахшониҳо ҷойгоҳ дорад, бо тарки макону ҷойдоди худ, дар як кунҷи дурдасти кӯҳистони Бадахшон замингир шуд ва ӯро чӣ водор ба фирор кард?!  Ҳамин ҳувияти миллӣ буд, ки ӯро бадахшониҳо пазируфтанд ва пешвои худ донистанд. Оё пайванди мардуми Кӯлоб ва Бадахшонро, метавон ба ҳарзагӯйии 3 ҷинояткор ва оташ задани чархҳои мошинҳо латма зад? Оё суғдиҳо ҳамон васлгарони қавми яғнобӣ бо забони қадими шуғнӣ чӣ гуноҳ доранд, ки дар Хоруғ изи по надошта бошанд? Ислоҳи ин каҷравиҳои зеҳнӣ вазъиятро дар шаҳри Хоруғ беҳбуд мебахшад. М.Салимпул бошад тафриқа меангезад. Дурӯғ мегӯяд. Ҷамъ шудани 5 нафарро митинг меномад. Ташаннуҷи авзоъ бо ҳарфҳои калон менависад.  Зоҳирпарастӣ ва бериёӣ мекунад. Ҳаққи ниҳодҳои масъул аст, ки Интернетро бо сабабҳои техникӣ масдуд кунанд. Аз ин ҳангома месозад. Ҷинояткоронро пурнуфуз медонад. Намедонад, ки Мирзо Салимпул дар назди олами ҷиноӣ ҳукми як ботаникро дорад ва фарди инфъиолӣ ва сустро.

Расонаӣ  шудани боздошти Мамадбоқиров Тоҳир аз ҷониби сокинони вилоят бо хушнудӣ қабул гардида, вокунишҳои мусбатро ба миён овард. Амалиёти болозикр зарбаи сахт ба сохтори ГМҶ-и вилоят буда, боиси пайдошавии нобоварӣ аз якдигар ва тафриқа дар байни саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятӣ гардид, ҳамзамон фаъолияти муташаккилонаи онҳоро барҳам зад.  Вале Мирзо Салимпул  мисле ки аз ин розӣ ба назар намерасад, дурнамои хатарзои мавҷудияти ГМҶ-ро чи дар Хоруғ бошад ва чӣ дар ҷойҳои дигар, таблиғ мекунад. Дирӯз ҳисориҳоро ҷанг меандохт. Қоим гирифт. Имрӯз навбати Хоруғ.

 

Армади Мамадов, сокини м.Бархоруғ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2225
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4166
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18849
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:32405
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8625986

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?