26 Декабр 2018
Дар шаҳри Гулистон тамошои дастҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муташаккилона роҳандозӣ гардид.
Аз ҷумла, дар толори Кохи фарҳанги «Истиқлол», толорҳои ҷомеаҳои меҳнатии Шабакаи Суғд, ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, НБО “Қайроққум”, ҶДКМТК “Апрелевка”, КВД “ЭКГҚ”, ҶДММ “ШКСТХ”, муассисаҳои истироҳатӣ- фароғатии “Шифо”, “Баҳористон”, “Соҳил”, “Усмонҷон”, муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ, ҷамоати шаҳракҳо ва дигар ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон мардум гарму ҷӯшон бо ҳамовозии якдилона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами миллат Паёми навбатиро тамошо намуданд.