Матни равон

Рӯзи 21-уми марти соли 2018 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳр чорабинии калони идона баргузор шуд.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, муовини Раиси витлояти Суғд Анвар Яъқубӣ, ки бо мақсади иштирок дар тантанаи наврӯзӣ ба макони баргузории чорабинӣ омада буданд, бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз намоишгоҳҳо ва растаҳои гуногуни наврӯзӣ боздид намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, сабадсозӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, инчунин маҳсулоти соҳаи саноату сайёҳӣ ва таомҳои хоси Наврӯз - ҳафтсину ҳафтшин шинос гардиданд. Зимни боздид аз намоишгоҳи «Шаҳраки наврӯзӣ» меҳмонон ҳунарнамоии рассомони ҷавон, санъаткорони наврас ва бозиҳои гуногуни миллиро, ки кӯдакону наврасон иҷро менамуданд, тамошо карданд.

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баъди боздид аз раставу хаймаҳои наврӯзӣ ва шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар назди иштирокдорони чорабинии наврӯзӣ суханронӣ намуданд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни суханронии худ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гулистониёнро бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Гулистон соли 2018-ро, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»-ро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо Наврӯзи фархундапай муборакбод намуд. Зикр гардид, сокинони шарафманди шаҳри саноатии Гулистон шукргузор аз он ҳастанд, ки бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллии аҷдодии мо - Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо Наврӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон хеле хубу хотирмон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки арзишҳои бузурги фарҳангии кишвар нигаҳдорӣ ва пешкаши ҷаҳониён гарданд.

Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста аст. Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни покиву сафо ва тозагиву озодагибахш аст. Он ба табиат ва замини муқаддас файзу таровати нав ато намуда, зиндагиро эҳё месозад.

Аз файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукӯҳи он пайваста боло меравад.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳр барои иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:589
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17612
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71165
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7713085

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?